Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Дар натиҷагирии индуктивӣ низ муносибати муайяни байни муқаддимаю натиҷа ба назар гирифта мешавад. Ин муносибат ҳам аз мазмуни мушаххаси Г ва В вобаста набуда, аз шакли мантиқии онҳо вобаста аст. Ин гуна муносибатро муносибати тасдиқӣ ё худ исбот низ меноманд, ки бо аломати «⊨» ишора мушавад.
Ифодаи «Г⊨В» ин тавр хонда мешавад: «маҷмўи гуфтори Г гуфтори В-ро собит мекунад».
Агар гуфтори Г ҳақ ё ақаллан ҳақиқатнамо бошад, он гоҳ дараҷаи ҳақиқатнамо будани В ҳангоми ҳозир будани Г назар ба набуданаш зиёдтар (ё балантар) аст.
Мантиқи дедуктивӣ (таълимот дар барои натиҷагирии дедуктивӣ) мантиқи шаклӣ аст, яъне мантиқест, ки дар вай робитаи байни гуфтор, мафҳумҳо ва ғ. аз рўи шакли мантиқии онҳо таҳқиқ мешаванд. Мантиқи индуктивӣ (таълимот дар барои натиҷагирии индуктивӣ) низ мантиқи шаклист, зеро муносибати тасдиқкунӣ – муносибати байни гуфтор аз рўи шакли мантиқиашон аст. Бо вуҷуди ин, мантиқи индуктивӣ ба маънои томаш мантиқи шаклӣ нест. Ҳангоми муҳокимаронии индуктивӣ чунин васоити методологии махсус кор фармуда мешавад, ки онҳо боиси баланд гардидани дараҷаи ҳақиқатнамоии натиҷа мегарданд.
Натиҷагирии индуктивӣ вобаста аз он ки ҳангоми муҳокимаронии индуктивӣ кадом намуди васоити методологӣ ба кор бурда шудаанд, ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд: индуксияи илмӣ ва ғайриилмӣ. Дар индуксияи ғайриилмӣ ҳеҷ гуна васоити методологӣ истифода намешаванд ва агар истифода шаванд ҳам, ин маҳз методологияи ақли солим мебошад. Индуксияи илмӣ бошад ба методологияи илмӣ такя менамояд.
Мантиқи индуктивӣ, мисли мантиқи дедуктивӣ таърихи дўру дарози худро дорад. Масалан, асари Демокрит, ки онро «Қонун» ё «Дар бораи мантиқ» меномиданд, аз унсурҳои мантиқи индуктивӣ бой буд. Дар соҳаи мантиқи индуктивӣ Суқрот, Афлотун ва Арасту саҳми арзанда гузоштаанд.
Ба ақидаи Суқрот, индуксия яке аз усулҳои амиқ намудани мафҳумҳои ахлоқ мебошад. Бо ин мақсад, Суқрот мафҳуми муайян, масалан, мафҳуми далериро дида мебарояд. Таҳқики тарзҳои гуногуни истифодаи мафҳуми мазкур, онро амиқтар мегардонад. Агар чунин амал натиҷа бахшад, вайро боз такрор менамояд. Афлотун дар зери индуксия дедуксияи баръаксро дар назар дошт, ки онро чунин баён кардан мумкин аст: агар «А⊨В» бошад, пас «B I⊨A» мешавад. Арасту бошад, дар зери индуксия индуксияи ҷамъбасткунандаро таълим медод, ки мувофиқи он дар асоси донистани қисми муайяни ашёи ягон гурўҳ дар барои ҳамаи ашёи гурўҳ сухан рондан мумкин аст.

пешина
аз 262
навбатӣ