Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Арасту индуксияро ҳамчун гузаштан аз фард ба кулл таъбир намудааст.
Индуксияе, ки аз тарафи Афлотун ва Арасту таълим дода шудааст, индуксияи илмӣ нест, зеро онҳо барои баланд бардоштани эътиборнокии хулосаҳои индуктивӣ васоити илмии методологиро надоштанд. Индуксия дар давраи асримиёнагии кишварҳои Ғарб умуман таҳқиқ нашудааст. Лекин, дар ин давра мутафаккирони кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна дар таҳқиқи минбаъдаи масъалаҳои индуксия саҳми арзанда гузоштанд.
Мантиқшиносони забардаст Абунасри Форобӣ ва Абўалӣ ибни Сино ба таълимоти Арасту такя намуда, нисбат ба индуксия як қатор фикрҳои наву тоза илова намуданд. Масалан, Абўали ибни Сино ду навъи индуксия ё бо истилоҳи ў, истиқроъро баён кардааст: 1) индуксияи пурра; 2) индуксияи нопурра. Ба ақидаи ў индуксияи пурра гуфта чунин навъи натиҷагириро меноманд, ки дар он зимни таҳқиқи ҷузъиёти ягон гурўҳ натиҷае гирифта мешавад, ки ба тамоми гурўҳ дуруст мебошад. Масалан, «Ҳар ҳайвоне ба вақти хоидан зафри зерин ҷунбонад». Натиҷае, ки бо ин усул ба даст дароварда мешавад, бояд доимо яқинӣ бувад, таъкид кардааст Ибни Сино.
Лекин, мегўяд олими тоҷик, ҳангоми маърифат мо бо гурўҳҳое кордор мешавем, ки миқдори шайъашон ниҳоят бисёр ё бешуморанд. Дар чунин маврид дар асоси таҳқиқи як чанд ашёи гурўҳ дар бораи тамоми гурўҳ, натиҷа бароварда мешавад. Аммо амалия нишон медиҳад, ки натиҷаҳои бо ин роҳ баровардашуда на ҳама вақт дурустанд. Зеро ҳангоми санҷида баромадани миқдори зиёди навъҳои ҳайвон чунин ҳолатеро ошкор намудан мумкин аст, ки ба натиҷаи гирифташуда номувофиқ аст. Масалан, одам ҳангоми хоидан зафри (ҷоғи) зеринро меҷунбонад. Гов, хар, асп, ва ғайра ҳам зафри зеринро меҷунбонанд. Лекин тимсоҳ ҳангоми хоидан зафри зеринро намеҷунбонад. Пас, маълум гардид, ки индуксияи нопурра на
1 ҳамеша дониши яқинӣ (дуруст) медиҳад.
Ба вуҷуд омадани тарзи капиталистии истеҳсолот зарурияти инкишофи техникиро ба миён гузошт ва ин дар навбати худ инкишофи илмҳои таҷрибавиро тақозо менамуд. Бузургтарин намояндагони давраи Эҳё - Леонардо да Винчи (1452-1519), Н. Коперник (1473-1543) ва дигарон чунин даъват менамуданд: вақти он расидааст, ки аз таъбири китобҳо ба таъбири табиат гузашта шавад.
Инкишофи бошиддати табиатшиносии таҷрибавӣ, дар давраи Эҳё ва замони Нав боиси инкишоф ёфтани мантиқи индуктивӣ гашт. Ф. Бэкон (1561-1626) дар асари худ «Органони Нав» барои кашфи усулҳои таҳқиқу собити робитаҳои сабабии зуҳурот замина гузошт. Идеяҳои Ф. Бэконро

Ниг. Абўалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб, Ҷ.1.,саҳ. 45; 169-170.

пешина
аз 262
навбатӣ