Мантиқ

Гершел (1792-1871) ва Ҷ.С. Милл (1806-1873) инкишоф доданд. Дар натиҷа усулҳои таҳқиқ ва собит намудани робитаҳои сабабии зуҳурот кашф шуд, ки онҳо дар мантиқ, бо номи усулҳои Бэкон – Милл машҳуранд. Дар мантиқи муосир ҳангоми таҳқиқи масъалаҳои индуксия аз назарияи эҳтимолӣ васеъ истифода мешавад.
Дедуксияи баръакс. Дедуксияи баръакс – навъи натиҷагирии индуктивӣ буда, аз рўи схемаи зерин муайян мешавад:
A ⊨ B
B I⊨ A
Схемаи мазкурро муфассалтар ин тавр тасвир кардан мумкин аст:
Схемаи В1, В2,…,Вn I⊨А ҷой дорад, фақат ва фақат дар чунин ҳолат, ки агар схемаи зерин ҷой дошта бошад: А⊨В1 В2 … Вn ва ℸA, I≠ B1 B2 … Вп( n ≥1).
Масалан, А – хукми «Каримов ин ҷиноятро содир кардааст». Аз А ва маҷмўи ҳукмҳо - Г, ки ҳақ будани онҳо маълум аст, хукми В - «Каримов ҷои пинҳон кардани ашёи дўздидаро медонист» бармеояд. Дар чунин маврид хулоса баровардан мумкин, ки гуфтори В ҳангоми мавҷуд будани Г гуфтори А-ро собит менамояд.
Акнун талаботи методологие, ки дараҷаи эътимоднокии натиҷагирии индуктивиро бо ёрии дедуксияи баръакс зиёд менамояд, номбар мекунем:
- Чи қадаре, ки натиҷаи гуногун бароварда шаванд, ҳамон қадар дараҷаи эътимоди ҳукми тасдиқшаванда баланд мешавад. Танҳо аз рўи як натиҷаи бароварда дар бораи дурустии ҳукм фикр рондан мувофиқи мақсад нест. Масалан, ҳангоми омўхтани қонунҳои асосии диалектика барои собит намудани дурустии онҳо аз соҳаҳои гуногуни табиат, ҳаёти ҷомеа ва маърифат мисолҳо оварда мешавад, ки онҳо дар бораи хусусияти универсалӣ доштани қонунҳои диалектика гувоҳӣ медиҳанд; 2) Зарур аст, ки натиҷаҳои қавитар ё дурусттар муайян гарданд. Агар A⊨B, A⊨C, ва B⊨C буда, лекин C I≠B шавад, он гоҳ натиҷаи В назар ба А қавитар ё худ дурусттар аст. Чунин натиҷа дурустии А-ро хубтар тасдиқ мекунад. Аломати «I≠» ин тавр хонда мешавад: «барнамеояд».
- Зарур аст, ки натиҷаҳои «ногаҳонӣ» ёфта шавад. Агар А I≠ В бошаду, эътимоди В ҳангоми набудани А паст, лекин якҷоя бо А зиёд шавад, он гоҳ мегўянд, ки эътимоди А ҳангоми будани В ниҳоят баланд мешавад.
Индуксияи ҷамъбастӣ. Индуксияи ҷамъбастӣ навъи натиҷагириест, ки тавассути он дар асоси маълумоти нисбат ба баъзе ашёи гурўҳ дошта доир ба ҳамаи ашёи ин гурўҳ хулоса бароварда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё