Мантиқ

Ҳудуди охирини индуксияи ҷамъбаст, индуксияи пурра мебошад.
Индуксияи пурра натиҷагириест, ки бо ёрии он дар асоси омўхтани ҳар як ашёи гурўҳ хулосаи умумӣ бароварда мешавад, ки вай барои ҳамаи гурўҳ тааллуқ дорад. Шубҳае нест, ки натиҷаи индуксияи пурра боэътимод аст.
Схемаи индуксияи пурра чунин аст:
а1 – В аст а2 – В аст а3 – В аст
. . . . .
. . . . .
. . . . .
аn – В аст Ғайр аз а1, а2,а3,. . . , аn ҳеҷ чиз а нест.
Ҳамаи а – В мебошад.
Дар муқаддимаҳо таъқид шудааст, ки ҳар як ашёи гурўҳ дорои хосияти муайян аст. Дар хулоса бошад, таъқид мешавад, ки ҳамаи ашёи гурўҳи мазкур дорои ҳамон хосият мебошанд. Масалан, омўзгор ҳангоми аз рўи журнали синф хондани номи талабагон муътақид мешавад, ки онҳо дар дарс ҳозиранд. Бо ин васила омўзгор хулоса мебарорад, ки дар дарс ҳамаи талабагон иштирок доранд.
Индуксияи пурра, мисли дигар навъҳои индуксияи ҷамъбастӣ, мутлақ ва оморӣ (статистӣ) мешавад.
Индуксияи пурраи мутлақ натиҷагириест, ки дар он зимни муайян намудани мансубияти ягон хосият бо ҳар унсури гурўҳ дар бораи мансубияти ин хосият ба тамоми гурўҳ натиҷа бароварда мешавад. Дар ҳаёти ҳаррўза вақте сухан аз боинтизомии донишҷўёни ягон гурўҳ ё қобилияти фарзандони ягон оила меравад, мо хоҳ нохоҳ бо индуксияи пурраи мутлақ кордор мешавем.
Индуксияи пурраи оморӣ низ натиҷагириест, ки дар он зимни донишҳои доир ба зуҳуроти ҷудогона дар бораи гурўҳи зуҳурот дониш ҳосил мегардад. Лекин, ҳангоми татбик намудани индуксияи оморӣ миқдори зиёди зуҳуроти тасодуфӣ таҳқиқ мешаванд. Зуҳуроти тасодуфӣ чунин зуҳуротанд, ки ҳарчанд қисмҳои таркибии онҳоро пешгўӣ кардан имконнопазир бошад ҳам, баъзе таносуби ададии чизи яклухтро пешгўӣ намудан мумкин аст.
Мисоли зуҳуроти тасодуфиро баррасӣ менамоем.
Борон. Чакидани қатраҳои боронро чун зуҳуроте, ки аз якчанд зуҳуроти майда иборатанд, таъбир намудан мумкин аст. Ҳангоме, ки мо қатраҳои боронро мушоҳида менамоем, онҳо ба назари мо ҳамчун зуҳуроти тасодуфӣ менамоянд, зеро пешгўӣ намудани онҳо имконнопазир мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё