Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Дар айни ҳол худи боришро пешгўӣ намудан мумкин аст.
Фарз мекунем, ки боридани борон сар шуд. Агар мо ба ду санги сатҳашон якхела назар андозем, чунин холатро мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, қатраи якум ба санги тарафи чап ва қатраи дуюм ба санги тарафи рост мечакад. Пайдарҳамии чакидани қатраҳои борон аз рўи ягон қонуният ба амал наояд ҳам, мушоҳидаи дуру дароз имкон медиҳад, ки чунин қонуният ошкор шавад. Мувофиқи ин қонуният ба ҳар ду санг микдори баробари қатраҳо мерезанд. Ҳамин тариқ, борон падидаи умумии тасодуфӣ буда, вайро дар ҳолати умумӣ, бо ёрии таносуби ададӣ ифода кардан мумкин аст. Лекин пешгўии он дар зуҳуроти ҷудогона имконнопазир аст.
Таваллуди писарбачаҳо. Фарз мекунем, ки кўдакони навзоди ягон шаҳр бо ҳамон тартибе, ки онҳо таваллуд шудаанд, ба қайд гирифта шудааст:
ПДДПППДПДД… Боз фарз мекунем, ки дар муддати як моҳ 1602 кудак таваллуд ёфта, аз онҳо 806 - тоашон писарбача мебошанд. Суръати таваллуди писарбачаҳо ба 806 ва суръати нисбии таваллуди писарбачаҳо ба 806/1602 баробаранд. Дар ҳолати умумӣ, агар аз n ҳолатҳои имконпазир дар m-тоаш ҳодиса руй диҳад, он гоҳ m-ро суръати ҳодиса ва m/n –ро суръати нисбии ҳодиса меноманд. Суръати нисбии зуҳуротро чунин ифода менамоянд: f (A).
Ҳангоми аз ҳад зиёд будани мушоҳидаҳо, аксаран, суръати нисбӣ бетағйир мемонад. Дар чунин маврид онро суръати нисбии устуворона ё худ эҳтимолияти ҳодиса меноманд. Эҳтимолияти ҳодисаи А-ро ин тавр ишора мекунанд: Р(А).
Акнун индуксияи пурраи омориро чунин баён кардан мумкин аст:
Индуксияи пурраи оморӣ натиҷагириест, ки дар он барои ошкор намудани суръати нисбии зоҳиршавии ягон ҳодиса тамоми ҳодисоте, ки онҳоро зуҳуроти таҳқиқшаванда фаро гирифтааст, омўхта мешаванд. Масалан, суръати нисбии таваллуди писарбачаҳо дар ягон шаҳр дар давоми як сол ба 2602/5244 баробар буданаш мумкин аст. Аксарияти одамоне, ки дар муассисаҳои оморӣ кор мекунанд, ҳодисотеро таҳқиқ менамоянд, ки гурўҳҳои боинтиҳоро ташкил медиҳанд. Бо ибораи дигар, асоси фаъолияти онҳоро индуксияи пурра, бештар индуксияи пурраи оморӣ ташкил медиҳад.
Ҳангоми таҳқиқи зуҳуроти иҷтимоӣ истифодаи усули индуксияи пурра мувофиқи мақсад мебошад. Зеро усули мазкур имкон медиҳад, ки доир ба зуҳуроти иҷтимоӣ низ донишҳои боэътимод ҳосил шавад. Баъзан, индуксияи пурраро ҳамчун усули ягонаи ҳосил намудани донишҳои ҳақиқӣ доир ба зуҳуроти иҷтимоӣ медонанд. Бо вуҷуди он усули мазкур дорои ду камбудӣ аст: 1) тавассути он танҳо гурўҳҳои боинтиҳои зуҳуротро таҳқиқ намудан мумкин аст; 2) бо усули мазкур таҳқиқ намудани гурўҳҳои боинтиҳои калон аксаран меҳнати зиёдро талаб мекунад.

пешина
аз 262
навбатӣ