Мантиқ

Дар ҳолатҳое, ки гурўҳҳои ҳодисот беинтиҳо мебошанд ё худ таҳқиқи онҳо заҳмати зиёдро талаб менамояд, ё пешгўӣ намудани ҳодисаи то ҳол руй надода ба миён гузошта мешавад ва ғайра, натиҷагирие кор фармуда мешавад, ки вай индуксияи нопурра ном дорад.
Мисли индуксияи пурра индуксияи нопурра низ ду навъ мешавад:
индуксияи нопурраи мутлақ ва индуксияи нопурраи оморӣ.
Дар индуксияи нопурраи оморӣ бошад, аз эҳтимолияти мансубияти ягон хосият ба ҷузъҳои зергурўҳ доир ба мансубияти хосияти мазкур ба тамоми гурўҳ натиҷа бароварда мешавад. Фарз кунем, ки дар шаҳр 1864-то мошини сабукрави шахсӣ мавҷуд бошад. Дар давоми як сол 134 нафар ронандагон қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон карданд. Пас, суръати нисбии вайрон кардани қоидаҳои роҳгардӣ Р/А/=134/1864 баробар аст. Пешбинӣ шудааст, ки миқдори мошинҳои шахсии сабукрав пас аз 5 сол то 3000 меафзояд. Пас, саволе ба миён меояд, ки чӣ қадар ронандагон қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон карданашон мумкин аст? Агар ба шарте, ки суръати нисбӣ бетагйир монад, он гоҳ адади матлубро чунин ҳисоб кардан мумкин аст: 3000 х134/1864 ≈210.
Схемаи индуксияи нопурраи оморӣ, (статистӣ). Ашёи (унсурҳои) гурўҳи S– бо суръати нисбии f(A) дорои нишонаи А мебошад. Гурўҳи S ба гурўҳи К дохил мешавад. Пас, ашёи (унсурҳои) гурўҳи К бо суръати нисбии f(A) дорои нишонаи А мебошад.
Агар ба таври рамзӣ ифода кунем:
S – f (A) аст.
SK .
K – f (A) аст.
Ифодаи «S - f(A)» ин тавр хонда мешавад: чузъҳои зергуруҳи S бо суръати нисбии f(A) дорои хосияти А мебошад; «SK»-и S – ба гурўҳи К дохил аст; «K- f (A)» – ҷузъҳои гурўҳи К бо суръати нисбии f(A) дорои хосияти А мебошанд.
Бояд таъқид кард, ки натиҷаи бо ёрии индуксияи нопурра (ҳам мутлақ ва ҳам оморӣ) гирифта шуда на ҳамеша ҳақ аст. Дар баъзе мавридҳо хулосаи натиҷагириҳои индуксияи нопурраи мутлақ ва оморӣ дуруғ мебошад.
Бинобар ин, барои баланд бардоштани дараҷаи боэътимодии хулосаи матлуб дар натиҷагириҳои мазкур методологияи махсус кор фармуда мешавад. Аз ин рў, индуксияи нопурра ду навъ мешавад: 1) индуксияи маъмулӣ; 2) индуксияи илмӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё