Мантиқ

Индуксияи нопурра, ки дар он ҳангоми гирифтани натиҷа методологияи илмӣ истифода намешавад, индуксияи маъмулӣ меноманд. Агар бо ибораи дигар гуем, дар индуксияи маъмулӣ ягон хел васоити методологӣ, ба ҷуз методологияи ақли солим, кор фармуда намешавад. Ба методологияи ақли солим принсипҳои зерин дохил мешаванд: 1) бояд ҳар чӣ бештар ҷузъиёт таҳқиқ шаванд; 2) барои таҳқиқ бояд ҷузъиёти гуногун интихоб шавад. Масалан, агар мувофиқи методологияи ақли солим муайян намоем, ки донишҷўён мавзўъро то чӣ дараҷа аз худ намудаанд, бояд ҳар чӣ бештар донишҷўёни дараҷаи донишашон гуногун пурсида шавад. Риояи талаботи мазкур ҳарчанд боиси баланд шудани дараҷаи боэътимодии натиҷа шавад ҳам, барои боэътимодии натиҷа кифоя нестанд.
Навъи дуюми индуксияи нопурра – индуксияи илмӣ мебошад. Индуксияи илмӣ ду хел мешавад: а) индуксия ба воситаи интихоби ҳолатҳое, ки таъмими тасодуфиро истисно менамоянд; б) индуксияе, ки дар он ҳангоми собит намудани мутааллиқии хосият ба ашё ягон нишонаҳои фардии онҳо истифода бурда намешаванд.
Индуксияи намуди якумро индуксияи бо роҳи интихоб ва индуксияи дуюмро индуксияи ба нишонаҳои куллӣ асосёфта меноманд.
Баъзе талаботи методологие, ки риоя намудани онҳо ҳангоми истифодаи индуксияи бо роҳи интихоб нисбат ба зуҳуроти иҷтимоӣ зарур мебошанд, номбар мекунем.
- Ҳангоми таҳқиқи гурўҳи одамон аз рўи нишонаи умумиашон ё мақсадҳои умумиашон истифода бурдани индуксияи нопурра равост.
Масалан, агар таҳқиқи хусусиятҳои равонии одамони ҷинояткор лозим бошад, бояд принсипи якум риоя шавад. Гурўҳи одамонеро, ки бояд хусусияти равонии онҳо омўхта шавад, бо ҳарфи К ишора мекунем. - Хосияте, ки аз зергурўҳ ба тамоми гурўҳ гузаронида мешавад, бояд бо хосиятҳои гурўҳи К алоқаи зич дошта бошад. Дар ҳолате, ки мо онро баррасӣ менамоем, талаботи дуюмин риоя нашудааст, зеро содир намудани ҷиноят на ҳамеша ба хусусиятҳои равонӣ вобаста аст. Бинобар ин, ба мо
лозим меояд, ки гурўҳи К-ро то гурўҳи К1 махдуд намоем. Ин ҷо К1 – гурўҳи одамонеанд, ки дар ҳолати бехудӣ (девонагӣ) ҷиноят содир кардаанд.
3. Барои таҳқиқ зергурўҳи гурўҳи К-ро аз рўи чунин хосиятҳо интихоб намудан лозим аст, ки онҳо бо хосиятҳои интиқолӣ ягон алоқае надошта бошанд. Яъне зергурўҳи - S набояд аз рўи хусусиятҳои равонии одамон тартиб дода шавад.
4. Интихобро чунин гузаронидан лозим аст, ки ҳамаи зергурўҳҳои гурўҳи муоинашаванда дар қатори ҷузъиёти муоинашаванда барои ба S дохил шуданашон эҳтимолияти якхела дошта бошанд. Масалан, новобаста аз синну сол бояд ҳамаи қонуншиканони тамоми нохияҳои ҷуғрофӣ, на фақат одамони дорои маълумоти гуногун, балки тарзи ҳаёти гуногун ва ихтисосашон мухталиф фаро гирифта шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё