Мантиқ

- Миқдори объектҳое, ки барои муоина аз зергуўҳҳо ҷудо мешаванд, бояд аниқ бошанд. «Қонуни ададҳои калон», ки ба он дар омор диққати махсус дода мешавад, ин тавр баён мешавад: қонунияте, ки аз рўи онҳо аксарияти зуҳуроти тасодуфӣ амал менамоянд, дар натиҷаи амалӣ кунонидани миқдори зиёди мушоҳидаҳо ошкор мегарданд.
- Ҳангоми ягон хосиятро аз зергурўҳ ба худи гурўҳ гузаронидан ниҳоят эҳтиёткорона амал кардан лозим аст, то ки ба хатогиҳо роҳ дода нашавад. Маҳз ба туфайли риоя намудани талаботи умумимантиқии мазкур ва баъзе талаботи дигари хусусиилмӣ дараҷаи боэътимодии натиҷаро баланд бардоштан мумкин аст.
Ба ин минвол собит намудани робитаи байни навъҳои ҷиноят ва хусусиятҳои равонии одамон барои пешгирӣ намудани ҷиноятҳое, ки аз тарафи одамони тарзи муайяни равонӣ содир мешаванд, кўмак мерасонад.
Инчунин, бо ин роҳ усулҳои илмии тарбияи одамони тарзи муайяни равониро ошкор кардан мумкин аст.
Индуксия дар асоси нишонаҳои куллӣ. Чӣ хеле таъкид намудем, индуксияи мазкур навъи индуксияи нопурра буда, тавассути он ҳангоми муоина намудани мутааллиқии хосияти муайян ба ашё (ҷузъиёт) ягон нишонаҳои фардӣ ё махсуси онҳо ба инобат гирифта намешавад. Масалан, дар натиҷаи мушоҳидаи якчанд навъи металл хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳамаи металлҳо аз гармӣ васеъ мешаванд. Хулосаи мазкурро дар асоси назарияи молекулявӣ тасдиқ намудан мумкин аст, зеро таъбири ҳаракати гармии молекулаҳо маҳз дар ҳамин назария дода мешавад. Дар ин ҷо нишонаҳои фардӣ ё махсуси металлҳо ба назар гирифта намешаванд. Пас, маълум мешавад, ки индуксия дар асоси нишонаҳои куллӣ - индуксияи нопурраи мутлақ буда, ба методологияи муайян такя менамояд. Аксаран, ба сифати чунин методология ягон назария хизмат мекунад. Лекин истифодаи индуксияи мазкур барои муоинаи зуҳуроти иҷтимоӣ саъю кўшишҳои зиёдеро талаб менамояд. Зеро, дар чунин мавридҳо хусусияти фардии одамон, гурўҳҳои иҷтимоӣ, вазъи шароити фаъолияти онҳо ва ғайраро на ҳамеша ба ҳисоб гирифтан мумкин аст. Маҳз аз ҳамин сабаб дар бисёр мавридхо озмуни истимо, натичахои боварибахш намедихад. Масалан, яке аз намояндагони сотсиализми хаёлӣ - Роберт Оуэн дар минтақаи Нью - Ланарк озмуни иҷтимоӣ гузаронида буд. Натиҷаи озмун ақидаи ўро доир ба бозсозии ҷомеа бо тариқаи сотсиалистӣ равшану возеҳ тасдиқ намуд. Лекин такроран гузаронидани озмун бо вуҷуди кўшишҳои зиёди Роберт Оуэн натиҷаи дуруст набахшид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё