Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Барои дар муоинаи масъалаҳои иҷтимоӣ, истифода бурдани индуксия дар асоси нишонаҳои куллӣ, бояд дар зуҳурот кулл ва махсус аз ҳам ҷудо шавад.

§ 2. Усулҳои индуктивии ташхиси робитаҳои сабабии зуҳурот

Усулҳое, ки мо онҳоро дар ин қисм баён карданием, яке аз навъҳои индуксияи илмӣ ба ҳисоб мераванд. Баёни усулҳои муайян намудани робитаҳои сабабии зуҳурот дар асоси методологияи муайян сурат мегирад.
Асоси ин гуна методологияро нуктаҳои принсипи сабабият ташкил медиҳад.
Сабаб - зуҳуротест, ки дар шароити муайян зуҳуроти дигарро ба вуҷуд меоварад. Зуҳуроти ба вуҷуд омадаро натиҷа ё натиҷаи сабаб меноманд.
Натиҷа - зуҳуротест, ки онро сабаб ба вуҷуд меоварад. Дар зери зуҳуроти якум ва дуюм чиро мефаҳманд?
Якум, ҳодиса, вуҷуд доштан ё надоштани ашёю падида ва ғайра.
Масалан, оташфишонии вулқан сабаби тағйир ёфтани муҳит мебошад; дар организм мавҷуд будани вирусҳо сабаби беморӣ аст.
Дуюм, таъсири мутақобилаи падидаҳо ва тағйири онҳо.
Сеюм, таъсири мутақобилаи тарафҳои муқобили падида ва тағйироте, ки дар натиҷаи он ба амал меояд. Маҳз, дар чунин ҳолат сабабҳо моҳиятан муайян мешаванд, зеро муборизаи зидҳо манбаи ҳаракат аст.
Ҳангоми баёни усулҳои робитаи сабабии зуҳурот, дар зери мафҳуми сабаб чунин шароитеро дар назар доштан лозим аст, ки агар вайро ба шароитҳои мавҷуда илова кунем, зуҳуроти дигаре ба миён меояд, ки онро натиҷа меноманд. Ин гуна натиҷа ё ҳодисаро, ё мавҷудияти ашёю падидаро, ё тағйиру пайдоиши хосияти нави ашёю падидаро ифода менамояд. Усулҳои мазкур на ҳамаи робитаҳои сабабии зуҳуротро фаро мегиранд. Онҳо, фақат оддитарин робитаи сабабиро ифода мекунанд.
Методологияи илмии усулҳои ошкор намудани робитаи сабабии зуҳуротро нуқтаҳои зерини принсипи сабабият ташкил медиҳад:

  1. хосияти объективӣ доштани робитаи байни сабаб ва натиҷа; 2) зарурӣ будани робитаи байни сабаб ва натиҷа; 3) хосияти куллӣ доштани робитаи байни сабаб ва натиҷа, яъне дар олами воқеӣ зуҳуроти бесабаб мавҷуд нест, ҳар як зуҳурот дар асоси сабаби муайян ба вуҷуд меояд; 4) нисбат ба вақт муқаддам будани сабаб аз натиҷа (натиҷа ҳеҷ гоҳ пеш аз сабаб пайдо шуданаш мумкин нест).
пешина
аз 262
навбатӣ