Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Усулҳои муоина ва собит намудани сабаби зуҳурот панҷ навъанд:
Усули ягонаи монандӣ, усули ягонаи тафовут, якҷоя ба кор бурдани усулҳои монандӣ ва тафовут, усули тағйироти ҳамроҳа ва усули бақияҳо.

  1. Усули ягонаи монандӣ. Схемаи усули мазкурро ин тавр тасвир кардан мумкин аст:

ҳолатҳо шароитҳои муқаддам зуҳуроти мушоҳидашаванда

  1. ABC A
  2. AKM A
  3. APQ A
    Пас, шароити А сабаби зуҳуроти а мебошад.

Моҳияти усули ягонаи монандӣ чунин аст: ҳангоми мушоҳидаи зуҳуроти а ҳолатҳои гуногун омöхта мешаванд, ки онҳо танҳо аз як ҷиҳат ба якдигар монданд. Дар ҳолатҳои муоинашуда ягона ҳодисаи монанд А мебошад. Гурўҳи зуҳуроте, ки бо мақсади собит намудани сабаби ба миён омадани зуҳуроти а омўхта мешаванд, бояд муқаддам бошанд. Ғайр аз ин онҳо (яъне АВС, АКМ, АРQ ва ғ.) нисбат ба ҳолати А ба якдигар бояд монанд бошанд. Пас, натиҷа бармеояд, ки зуҳуроти А сабаби зуҳуроти а мебошад.
Усули мазкур, усули мушоҳидавӣ аст. Аз ин рў, натиҷае, ки бо ёрии усули монандӣ гирифта мешавад, на он қадар боэътимод мебошад. Махсусан, чунин ҳолат ҳангоми татбиқи усули мазкур барои маърифати иҷтимоӣ мушоҳида мешавад. Хотиррасон менамоем, ки тавасути усули монандӣ гирифтани натиҷаи зерин – «зуҳуроти А сабаби ба миён омадани зуҳуроти а мебошад» ба нуқтае асос меёбад, ки онро ин тавр баён намудан мумкин аст: «сабаб аз рўи вақт назар ба натиҷа муқаддамтар аст». Аммо баъзан ошкор намудани он, ки кадоме аз зуҳурот – А ё а муқаддам аст, ниҳоят мушкил аст. Яъне: «А назар ба зуҳуроти а муқаддамтар аст» ё «зуҳуроти а мукаддамтар аз А мебошад». Ба ғайр аз ин метавонад ягон зуҳуроти то ҳол номаълум – Х бошад ва он муқаддамтар ҳам аз зуҳуроти А ва ҳам аз а буда, сабаби пайдоиши ҳар дўи онҳо гардад. Боз як вазъияти дигар чунин аст: аз ду зуҳуроти то ҳол номаълум (Х ва У) якеаш, масалан, Х сабаби А буда, дигараш, У, сабаби а мебошад. Ниҳоят, вазъияти зерин ҷой дошта метавонад: зуҳуроти а-ро дар як ҳолат зуҳуроти мураккаб ВС, дар ҳолати дигар – КМ ва дар ҳолати сеюм – РQ ба миён меоваранд. Зеро, сабаби муайян ҳама вақт натиҷаи муайянро ба вуҷуд меоварад, аммо ин маънои онро надорад, ки ягон зуҳуроти муайян танҳо якто сабаб дошта бошад.

пешина
аз 262
навбатӣ