Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Барои он, ки ҳангоми бо усули ягонаи монандӣ таҳқиқ намудани зуҳуроти иҷтимоӣ ба гирифтани натиҷаҳои боэътимод ноил шавем, бояд талаботи муайян риоя шавад. Талаботи мазкур инҳоанд:

  1. Бояд, собит шавад, ки зуҳуроти А ва а сабаби барои ҳардуяшон умумӣ ё ҳархела надошта бошад; 2) Бояд, муқаддамии зуҳуроти А нисбат ба зухуроти а собит шавад; 3) Бояд, тамоми шартҳое, ки аз зуҳуроти а муқаддам буда, барои ба миён омадани он мусоидат мекунанд, ба ҳисоб гирифта шавад; 4) Бояд, то ҳадди имкон миқдори зиёди ҳолатҳо омўхта шавад.
  1. Усули ягонаи тафовут. Чуноне, ки мебинем, дар ин ҷо ду ҳолат

Ҳолатҳо шароитҳои муқаддам зуҳуроти мушоҳидашаванда 1. АВС а
2. -ВС -
Пас, шароити А сабаби зуҳуроти а мебошад.

бо ҳамдигар муқоиса мешавад, ки дар ҳолати якум зуҳуроти мураккаби АВС нисбат ба а муқаддамтар буда, аз АВС ҳамчун натиҷа зуҳуроти а ба миён меояд. Дар ҳолати дуюм, вақте, ки яке аз шароитҳо, масалан, А хориҷ мешавад, дар натиҷа зуҳуроти а низ ба миён намеояд (яъне пайдо намешавад). Бинобар ин, аз ин ҷо натиҷа бароварда мешавад, ки ҳамин зуҳуроти хориҷшуда – А сабаби зуҳуроти а мебошад.
Масалан, дар асри XIX, чунин ҳисоб менамуданд, ки ҳайвон барои нигоҳ доштани ҳаёти худ, бояд миқдори муайяни сафедаҳо ва намакро истеъмол намояд. Ин ақидаро, соли 1880, табиби рус - Н.И.Лунин рад намуд.
Барои таҷриба, ў як гурўҳ мушҳоро бо хурокҳои оддӣ, гурўҳи дигарро бо хурокҳое, ки дар таркибашон на сафедаҳо доштанду (шароити В) на намак (шароити С) шикамҳояшонро сер мекард. Пас аз чанд вақт мушҳои гурўҳи дуюм пурра нобуд шуданд (ҳолати дуюм аз рўи схема). Лунин ба чунин хулоса омад, ки ҳайвонҳо, бояд ғайр аз сафедаҳо ва намак боз ягон чиз истеъмол намоянд. Дертар маълум гардид, ки дар таркиби хурок витаминҳо намерасанд.
Усули ягонаи тафовут усули муоинаи тачрибавӣ аст. Истифодаи усули мазкур дар соҳаи табиатшиносӣ назар ба усули монандӣ натиҷаҳои эътимоднок медиҳад. Лекин, усули тафовутро дар маърифати иҷтимоӣ, хеле эҳтиёткорона истифода бурдан лозим аст, зеро ҳангоми муоинаи зуҳуроти иҷтимоӣ муайян намудани муқаддамии яке нисбат ба дигаре басо заҳматталаб аст.

пешина
аз 262
навбатӣ