Мантиқ

Аксаран зуҳуроти муоинашаванда а ва шароитҳои АВС, ки дар байни онҳо сабаби зуҳуроти а ҷўстуҷўй карда мешавад, дар як вақт ба миён меояд (яъне дар як вақт вуҷуд доранд). Чунин ҳолат низ буданаш имконпазир аст, ки ҳам зуҳуроти А ва ҳам а натиҷаҳои ягон сабаби умумӣ бошанд, яъне сабаби ба миён омадани А ва а як чиз аст. Дар чунин маврид ба миён наомадани зуҳуроти А ва а маънои вуҷуд надоштани сабаби умумиро дорад.
Фарз мекунем, ки А – тарзи муқаррарии ҳаёти инсон бошад ва бо а – аз тарафи одамон дуздида шудани моликияти давлатиро ифода менамоем.
Савол ба миён меояд, ки кадоме аз ин зуҳурот сабаб ва кадомаш натиҷа аст?
Кадоме аз онҳо муқаддамтаранд? Саволҳои мазкур гузаронидани тадқиқоти сотсиологиро тақозо менамояд. Ба ҳамин тариқ, истифодаи усулҳои мазкур барои маърифати иҷтимоӣ таҳқиқи миқдори зиёди шарту шароит ва зуҳуротро тақозо мекунад. Аз ин рў, амали гардонидани онҳо басо заҳматталабанд.
Ҳангоми омўхтани суръати афзоиши аҳолӣ (а) мо метавонем муҳокимарониҳои худро ин тавр мураттаб созем: агар зуҳуроти серфарзандиро бо А ишора кунем, пас ҳангоми муҳайё будани шароити А (масалан, мамлакатҳои мутараққӣ) зуҳуроти а низ вуҷуд дорад, ҳангоми набудани шароити А зуҳуроти а ба вуҷуд намеояд; пас, хулоса бароварда мешавад, ки А – сабаби а мебошад. Чунин тарзи таҳлил рўякӣ аст, зеро дар он як зумра ҷиҳатҳо (масалан, принсипи таърихият) ба ҳисоб гирифта нашудаанд. Агар, мо ба зуҳуроти «суръати баланди зоиш» (А) ва «суръати сусти зоиш» (Б) бо диққат назар кунем, маълум мешавад, ки дар мамлакатҳои мутараққӣ, пештар ҳам суръати зоиш баланд буд, вале дар он ҷо бо суръати тез зиёдшавии аҳолӣ мушоҳида намешуд. Пас, барои ошкор намудани сабаби бемайлон афзудани аҳолӣ ҳолати зеринро дида мебароем: (I) АВС … - а. Ошкор намудан лозим аст, ки дар натиҷаи ба шароитҳои АВС боз илова намудани кадом шароит (Е) афзоиши суръатнокии аҳолӣ ба амал меояд. Чунин шароит (Е) беҳтар шудани хизматрасонии тиббӣ ва нисбатан баланд шудани дараҷаи зиндагии аҳолии мамлакатҳои мутараққӣ мебошад.
Ҳолати дуюм (2) ĀВС-ā (ā - зуҳуроти «тез наафзудани аҳолӣ»-ро ифода мекунад, тақозо менамояд, ки сабаби зуҳуроти Ā ошкор шавад.
Усули тафовут, бо норасоиҳои зикршуда нигоҳ накарда, дар байни усулҳои индуктивӣ аз ҳама эътиборнок ва муҳим ба шумор меравад.
3.Усули якҷояи монандӣ ва тафовут. Баъзан, ҳангоми таҳқиқ усули монандӣ ва тафовут якҷоя кор фармуда мешаванд. Бешубҳа, пайдарҳам татбиқ намудани усулҳои мазкур боиси баланд шудани дараҷаи эътимоднокии натиҷа мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё