Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Схемаи усули якҷояи монандию тафовутро бо тариқи зер тасвир менамоем:

ҳолатҳо шароитҳои муқаддам зуҳуроти мушоҳидашаванда 1. АВС а 2. АКМ а 3. АРQ а
4. -BC -
5. -KM -
6. -PQ -
Пас, шароити А сабаби зуҳуроти а мебошад.

Дар се ҳолати аввала, гурўҳи шароитҳое номбар шудаанд, ки танҳо аз рўи як шароит (А) бо якдигар монанд ва ҳамаи онҳо нисбат ба зуҳуроти а муқаддам мебошад. Дар се ҳолати дигар, вақте, ки дар байни гурўҳи шароитҳо (А) мавҷуд нест, зуҳуроти тадқиқшаванда, а, низ ба миён намеояд.
Аз ин ҷо хулоса бароварда мешавад, ки аз эҳтимол, сабаби ба миён омадани зуҳуроти а шароити А бошад. Масалан, растаниҳои лубиёӣ: нахуд, лубиё, наск ва ғайраҳо, на танҳо ба нуриҳои азотдор муҳтоҷ нестанд, балки худашон заминро бо азот бой мекунанд. Дигар намуди растаниҳо, ба мисли растаниҳои ғайри лубиёӣ бошанд, ба нуриҳои азот мўҳтоҷ мебошанд.
Аз чӣ сабаб бошад, ки растаниҳои лубиёӣ ба нуриҳои азотдор муҳтоҷ набуда, баръакс, заминро бо азот таъмин мегардонанд? Барои ин навъҳои гуногуни растаниҳои лубиёӣ омўхта шуд. Маълум гардид, ки ҳамаи онҳо дар решаҳояшон лундачаҳои сафед доранд, яъне ҳамаи онҳо дар як шароит ба якдигар монанданд (А). Растаниҳои ғайрилубиёӣ дар решаҳояшон лундачаҳои сафедро надоранд, яъне ҳангоми монанд будани шароитҳои дигар дар онҳо, шароити А ҷой надорад. Аз ин ҷо хулоса бароварда шуд, ки сабаби дорои азот будани замин мавҷуд будани лундачаҳои сафед дар решаи растаниҳои лубиёӣ мебошад. Баъдтар муқаррар гардид, ки дар лундачаҳои сафед бактерияҳо ҷамъ шуда таркиби хокро бо азот бой мегардонанд.
Тамоми мушкилиҳое, ки ҳангоми татбиқи усулҳои монандӣ ва тафовут нисбати зуҳуроти иҷтимоӣ ҷой доштанд, барои усули якҷояи монандӣ ва тафовут низ хосанд. Лекин усули мазкур назар ба усулҳои пешина хеле эътимоднок аст.
3. Усули тағйироти ҳамроҳа. Фарз мекунем, ки зуҳуроти а, ҳангоми мусоидати гурўҳи шароитҳои АВС ба вуҷуд меояд. Агар ҳангоми тағйири яке аз шароитҳо, масалан А (лекин, бояд шароитҳои дигар бе тағйир монад), зуҳуроти а низ тагйир пазирад, пас мегöянд, ки сабаби ба вуҷуд омадани зуҳуроти а шароити А мебошад ё худ А сабаби пайдоиши зуҳуроти а аст.

пешина
аз 262
навбатӣ