Мантиқ

Схемаи усули мазкур чунин аст:
ҳолатҳо шартҳои муқаддам зуҳуроти мушоҳидашаванда 1. А1ВС а1 2. А2ВС а2 3. А3ВС а3 Пас, шароит А сабаби зуҳуроти а мебошад.
Агар бо тағйири яке аз зуҳурот зуҳуроти дугар низ тағйир ёбад (албатта, дар ҳолате, ки зуҳуроти боқимонда тағйир дода нашаванд), дар байни зуҳуроти мазкур робитаи сабабӣ вуҷуд дорад. Ошкор намудани чунин робита моҳияти усули тағйироти ҳамроҳаро ташкил медиҳад. Масалан, ҳангоми тағйироти ҳарорати газ ҳаҷми он низ тағйир меёбад. Аз ин ҷо, чунин хулоса бароварда мешавад, ки дар байни ҳарорат ва ҳаҷми газ робитаи сабабӣ вуҷуд дорад.
Мисоли дигар: Олимон чунин мешумурданд, ки баландшавӣ ё пастшавии оби уқёнусу баҳрҳо, инчунин такроршавии онҳо аз тағйири мавқеи Моҳ нисбат ба Замин вобаста аст. Баландшавии оби баҳрҳо вақтҳои пуррагии Моҳ ва айёми Моҳи нав мушоҳида мешуданд. Ҷазршавии оби уқёнусу баҳрҳоро аз рўи нисбат ба Замину Офтоб мавқеи махсусро ишғол намудани Моҳ муайян мекарданд, яъне агар хатҳои рости фикран аз Замин то Моҳ ва аз Моҳ то Офтоб гузаронидашуда кунҷи ростро ташкил диҳанд, пас мегуфтанд, ки ҷазршавии оби баҳрҳо ба амал меояд. Аз ин ҷо хулоса мебароварданд, ки дар баландшавӣ ва ҷазршавии оби уқёнусу баҳрҳо Моҳ «гунаҳкор» аст. Усули тағйири ҳамроҳа дар мавридҳое, ки зуҳуроти муқаддами мутағйирро аз зуҳуроти дигар ҷудо кардан имконнопазир аст, истифода мешавад. Усули мазкур дар ҳолати мумкин набудани татбиқи усули ягонаи тафовут кор фармуда мешавад.
Истифодаи усули тағйири ҳамроҳа барои таҳқиқи зуҳуроти иҷтимоӣ, баъзан басо заҳматталаб аст. Масалан, маълум буд, ки вазни миёнаи кўдаки навзод аз синну соли модар вобаста аст, зеро дар шароити зиндагию касабаи якхела, модарони нисбатан синну солашон калон кўдакони вазнаш калонро таваллуд мекунанд. Бинобар ин, солҳои дароз олимон чунин ҳисоб мекарданд, ки дар байни синну соли модар ва вазни навзод муносибати сабабӣ вуҷуд дорад. Лекин, онҳо тартиби таваллуди кўдакро ба назар намегирифтанд. Баъдтар, ошкор гардид, ки вазни кўдак, на ба синну соли модар, балки аз тартиби зоиш вобаста аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё