Мантиқ

Яъне кўдаки 4-ум ва 5-ум назар ба кўдакони 1-ум, 2-юм ва 3-юми модар дида, зиёдтар вазн доранд.
5.Усули бақияҳо. Усули бақияҳоро ҳангоми таҳқиқи зуҳуроти мураккаб кор мефармоянд. Фарз мекунем, ки зуҳуроти мураккаби U аз силсилаи зуҳуроти соддаи а,в,с,d иборат бошад. Агар маълум бошад, ки зуҳуроти соддаи а зимни шароити А, зуҳуроти соддаи в зимни шароити В, зуҳуроти соддаи с зимни шароити С ба вуҷуд оянд ва дар айни замон шароитҳои А,В,С,D аз зуҳуроти мураккаби U дида муқаддамтар бошанд, пас, қисми боқимондаи шароитҳои муқаддам (D) сабаби қисми боқимондаи зуҳурот, яъне сабаби d аст. Бо ибораи дигар, моҳияти усули бақияҳоро ин тавр баён кардан мумкин аст: агар ягон зуҳуроти мураккаб дигар зуҳуроти мураккабро ба вуҷуд орад ва маълум бошад, ки сабаби қисми муайяни натиҷаи пайдошуда қисми муайяни зуҳуроти мураккаби муқаддам аст, пас, хулоса бароварда мешавад, ки сабаби қисми боқимонда қисми боқимондаи зуҳуроти муқаддам аст.
Схемаи усули бақияҳо чунин аст:
Ҳолатҳо шароитҳои муқаддам зуҳуроти мушоҳидашаванда 1. 2. A a 3. B b
4 C c Пас, шароити D сабаби зуҳуроти d мебошад.
Бо ёрии усули мазкур, сайёраи Нептун кашф шудааст. Муқаррар кардаанд, ки ҳаракати сайераи Уран бо мадори ҳисобшудаи ин сайёра мувофиқ нест. Ҳаракати сайёраи Уран баъзан суст шуда, баъзан тез мешудааст. Мебоист сабаби тамоюли сайёраи Уранро муқаррар мекарданд.
Вакте ки олимон таъсири сайёраҳои дар ҳамон давра маълумро нисбат ба сайёраи Уран ҳисоб карданд, маълум шуд, ки боз тамоюли сайёраи Уран мушоҳида мешавад. Олимон сабаби чунин ҳолатро бояд собит мекарданд.
Онҳо тахмин карданд, ки барои ҳаракати сайёраи Уран боз кимкадом сайёраи то ҳол номаълум таъсир мерасонад. Ба олими ситорашинос Левере муяссар шуд, ки бо роҳи ҳисоб мавқеи ин сайёраи то ҳол номаълумро муайян намояд.
Дере нагузашта, дар ҳамон ҷои тахминшуда сайёраи нав кашф шуд ва ба вай номи Нептун доданд.
Ҳангоми истифодаи усули бақия дар маърифати иҷтимоӣ бояд шартҳои зерин риоя шаванд: 1) бояд маҷмўи тамоми сабабҳо, ки мо онҳоро бо U ишора кардем, маълум бошад, инчунин, маълум бошад, ки танҳо зуҳуроти U метавонад натиҷаи маҷмўи сабабҳои (A,B,C,D) бошад; 2) сабабҳои (A,B,C,D) бояд дорои хосияти аддитивӣ бошанд, яъне маҷмўи натиҷаҳое, ки ҷудо-ҷудо аз сабабҳои мазкур бармеоянд, бояд ба ҷамъи натиҷаи сабабҳои мураккаб баробар бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё