Мантиқ

Усули бақияҳо дар соҳаҳои гуногуни илм ва амалиёти ҳаррўза, махсусан, дар амалиёти тафтишот барои муқаррар намудани сабаби зуҳуроти гуногун васеъ татбиқ мешавад.
Ҳаминро бояд таъкид кард, хулосае, ки зимни далелҳои зиёди якҷинса ва муқаррар намудани хусусиятҳои моҳиятдори онҳо ба миён омадаст, хеле боварибахш аст. Агар дар ҷараёни муҳокима, шахс, бо як ё ду мисол маҳдуд ё хосиятҳои бемоҳияти ашёро ҷудо намояд, дар он сурат, хулоса дурўғ шуданаш мумкин аст. Ин қабил муҳокимаҳо сабаби хатогие мегардад, ки номи он «умумиятдиҳии таъҷилӣ» (fallacia fictal universali-tatis) аст. Воқеан, дар асоси танҳо як лексияи бебарор ба чунин хулосае омадан мумкин нест, ки лектор лексияро бад мехонад.
Дар ҷараёни маърифат, лаҳзаи муттасилияти замонии ҳодисот дар шарҳи робитаи сабабӣ душвории зиёдро ба миён меорад. Аммо, бо ҳам омехтани муттасилияти замонӣ бо робитаи сабабӣ боиси хатогие мешавад, ки он дар мантиқ «баъди ин, яъне бо сабаби ин» (post hoc, egro pro-pter hoc) ном дорад. Ин хатогӣ, асоси бисёр ҳурофоту таассуб гардидааст. Масалан, фоли бад дар бораи гурбаи сиёҳ. Инсони маърифатнок набояд ба ин гуна сафсатаҳо бовар кунад.
§5. Тамсил (аналогия) «Тамсил» - калимаи арабӣ буда, маънояш ташбеҳ кардан, мисол овардан аст.
Натиҷагирии тамсилӣ гуфта муҳокимаеро меноманд, ки дар вай дар асоси монандии ду объект, аз рўи баъзе нишонаҳо дар бораи монандии онҳо аз рўи нишонаҳои дигар хулоса бароварда мешавад.
Натиҷагирӣ аз рўи тамсил, на фақат ақлу хирад ва қобилияти фикрӣ, балки тасаввуроту тахаюлоти аниқро низ тақозо менамояд.
Объектҳои муқоисашаванда чӣ ашёи алоҳида ва чӣ гурўҳҳои ашё буда метавонад. Агар ашёи алоҳида бо якдигар муқоиса шавад, он гоҳ нишоне, ки аз як шай ба дигараш кўчонида мешавад, тааллуқ доштан ё надоштани хосиятҳо мебошад. Дар мавриди дуюм, вақте, ки гурўҳи ашё муқоиса мешавад, ду холат руй доданаш мумкин аст; агар гурўҳ чизи том бошад, нишонаи кўчонида мешудагӣ ин тааллуқ доштан ё надоштани хосият мебошад; дар акси ҳол, нишонаи мазкур вуҷуд доштан ё надоштани муносибатро ифода мекунад. Аз ин рў, тамсилро мувофиқан тамсили хосият ва тамсили муносибат меноманд. Объектҳои муқоисашаванда инҳоянд: ашёи реалӣ, зуҳурот, чизҳои ғайри реалӣ, ки мо онҳоро фикран тасаввур карда метавонем, хосият ва муносибатҳои ашёи реалӣ, хосият ва муносибатҳои чизҳои ғайриреалӣ ва ғайра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё