Мантиқ

Схемаи натиҷагирии тамсил чунин аст:
Объекти А дорои нишонаҳои а, b, с, d аст.
Объекти В дорои нишонаҳои а, b, c аст.
Эҳтимол объекти В низ дорои нишонаи d бошад.
Масалан, баъди он, ки бо ёрии таҳлили спектралӣ унсури нави кимиёӣ дар Офтоб муқаррар гардид, олимон бо таври зайл муҳокима ронданд:
Офтоб ва Замин аз рўи якчанд нишонаашон ба якдигар монанд мебошанд; якум ин, ки онҳо ба як система тааллуқ доранд; дуюм, таркиби кимиёвиашон бо ҳам монанд аст, чӣ хеле, ки бо ёрии усули таҳлили спектралӣ собит шудааст ва ғайра. Бинобар ин, унсури кимиёие, ки дар Офтоб муқаррар шудааст, бояд дар Замин ҳам бошад. Баъдтар, ҳақиқатан ҳам, ин унсури кимиёӣ дар Замин муқаррар карда шуд, ки вайро «гелий» меноманд.
Мисоли дигар: Кўдак ҳангоми тамошои боғи ҳайвонот нохост маймунбачаро мебинаду, дарҳол аз падару модари худ илтимос мекунад, ки ин «одамчаи пўстиндорро» ба вай харида диҳанд. Чунки кўдак мехохад бо вай бозӣ кунад. Дар чунин лаҳза кўдак боварӣ дошт, ки маймун инсон аст, лекин ба вай фақат пустин пушонидаанд. Бинобар ин, кўдак чунин мепиндорад, ки бо маймун ҳам мисли инсон бозӣ кардан ва гуфтугў намудан мумкин аст. Сабаби муътакид шудани кўдак дар чист? Маймун аз рўи намуди зоҳирию қиёфааш ва имову ишора ба одам хеле шабоҳат дорад. Аз ин ҷиҳат, дидани маймун барои кўдак инсонро хотиррасон менамояд ва ба ақидаи ў, мисли инсон ба маймун гуфтугў ва бозӣ кардан мумкин мебошад.
Вақте, ки мо бо ягон рўзноманигор шинос шудем маълум гардид, ки вай одами бомаърифат, бомаънӣ ва маданӣ буда, забонҳои англисӣ, немисӣ ва франсавиро хуб медонад. Бори дигар, рўзноманигори дигарро вохўрда, шояд, боварӣ ҳосил кунем, ки вай ҳам одами маданӣ, бомаърифат,бомаънӣ ва забонҳои англисию немисиро хеле хуб медонистагӣ бошад. Пас, ин ду рўзноманигорро бо ҳам муқоиса намуда аз рўзноманигори дуюм пурсиданамон мумкин, ки оё ў забони франсавиро медонад?
Ҳар дўи ин муҳокима аз рўи як схема сурат гирифтааст. Дар онҳо, ду объект бо ҳам муқоиса шуда, монандии онҳо аз рўи якчанд нишона собит гардидааст. Аз ин ҷо хулоса бароварда мешавад, ки объектҳои мазкур аз рўи нишонаҳои дигар низ ба якдигар монанданд. Дар ин гуна муҳокимаҳо донише, ки аз як чизи таҳқиқшаванда гирифта мешавад, ба чизи дигар, ки то ҳол, на он қадар омўхта шудааст, нисбат дода мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё