Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Ин аст, моҳияти натиҷагирӣ бо ёрии тамсил.
Тамсил ду навъ аст: тамсили ғайриилмӣ (ғайридақиқ) ва тамсили илмӣ (дақиқ). Ҳамаи муҳокимаҳое, ки дар боло оварда шудаанд, мисоли тамсили ғайридақиқ мебошад. Принсипҳои асосии тамсили ғайридақиқ, ки ҷиҳати методологии ақли солимро ташкил дода, барои боварибахш шудани хулосаҳои бароварда кўмак мерасонанд инҳоянд:

  1. Бояд дар ашёи муқоисашаванда, ҳар чӣ бештар нишонаҳои умумӣ ошкор карда шавад; 2. Нишонаҳои умумӣ барои чизҳои муқоисашаванда бояд зотӣ бошанд; 3. Ба қадри имкон нишонаҳои умумӣ нишонаҳои махсуси чизҳои муқоисашаванда бошанд; 4. Нишонаҳои мазкур набояд якҷинса бошанд;
    5 Нишонаҳои умумӣ, бояд бо нишонаи кўчонидашаванда робитаи қавӣ дошта бошанд.
    Риоя намудани талаботи мазкур то андозае дараҷаи эътиборнокии натиҷаро зиёд мекунад.
    Ҳаминро бояд таъкид кард, ки тамсил барои одамони моҳир аслиҳаи самарабахш ва дар дасти шахси ноöҳдабаро яроқи хавфнок мебошад.
    Тамсиле, ки ба шабоҳати зоҳирӣ, тасодуфӣ ва нишонаҳои бемоҳият асос ёфтааст, боиси хатогиҳои дағал мегардад. В.И. Ленин, П. Струверро, ки бо истифодаи бардурўғ мехост марксизмро «инкор» намояд, танқид карда навиштааст; «Аммо ин бешубҳа бозие бо қиёсҳои (тамсилҳои Н.С.) разилона
    1 аст, дурусттараш: масхарабозии оддӣ аст».
    Тамсили дақиқ ду навъ аст. Методологии илмии тамсили навъи якумро назарияе ташкил медиҳад, ки тавасути он робитаи нишонаҳои а,в,с бо нишонаи кўчонидашаванда (d) муаяйан мегардад. Ин навъи тамсили дақиқ ба индуксияи асосаш нишонаҳои куллӣ монанд аст. Тамсили мазкур ба усули моделсозӣ асос ёфтааст, ки ин усул хам дар табиатшиносӣ ва ҳам дар маърифати иҷтимоӣ татбиқ хоҳад ёфт.
    Дар тамсили илмии навъи дуюм ба сифати методологияи умумӣ ғайр аз принсипҳои методологии ақли солим, ки мо онҳоро дар боло номбар кардем, боз талаботи зерин дохил мешаванд:
  1. нишонаҳои умумии чизҳои муқоисашаванда A,B,C бояд айнан якхела бошад; 2) робитаи нишонаҳои a,b,c бо нишонаи (d) набояд аз хусусиятхои ашёи муқоисашаванда вобаста бошад. Дар маърифати иҷтимоӣ ғайр аз

Ленин В.И. Асарҳо. Ҷ. 20. Саҳ. 197.

пешина
аз 262
навбатӣ