Мантиқ

талаботи мазкур методологияи махсус илова мешавад, ки он барои таҳқиқи ин ё он соҳаи ҳаёти ҷомеа мусоидат мекунад.
Функсияҳои асосии тамсил инҳо мебошанд:
- функсияи эвристӣ - имконият медиҳад, ки фактҳои нав ба нав ошкор шавад (масалан, гелий); 2) функсияи таъбиркунандагӣ – воситаи таъбири зуҳурот аст (масалан, модели планетарии атом); 3) функсияи бурҳонии тамсил – функсияи бурҳонии тамсили ғайри дақиқ нисбатан суст мебошад. Баъзан ҳатто мегўянд: «тамсил ҳоло исбот не».
Лекин, тамсили дақиқ исбот шуда метавонад махсусан, исботи навъи якум ё ҳеҷ набошад, навъи далеловариест, ки ба исбот хеле наздик аст; 4) функсияи маърифатӣ (геносеологӣ), яъне тамсил воситаи маърифат мебошад.
Таъқид кардан ҷоиз аст, ки мутафаккирони асримиёнагии тоҷик, алалхусус, Абўалӣ ибни Сино, дар осори худ мавзўи тамсилро ҳаматарафа мавриди таҳқиқ карор додаанд. Дар «Донишнома» тамсил ин тавр шарҳ дода шудааст: «Мисол сусттар аз истиқроъ аст ва мисол он бувад, ки ҳукм кунанд дар чизе бадон чи андар монандаи ў бинанд. Гўянд, масалан, ки «нафси мардум қуввате аст, бояд ки сипаси тан намонад, чунон ки биноии чашми
1 вай».
Дар таъбири Ибни Сино истилоҳҳои «тамсил», «мисол» ва «қиёс»
калимаҳои ҳаммаъноанд. Тамсил дар «Ишорот ва танбеҳот» бо тарзи зайл интишор шудааст: «Тамсил – ҳукм кардан аст бар чизе, сифате, ки мисоли
2 вай мавҷуд бошад».
Ба ақидаи К. Маркс, барои ба зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ татбиқ намудани тамсил таҳлили шароити он лозим аст. Масалан, ў аз рўи нишонаҳои қонунияти инкишофи капитализм дар Англия ояндаи халқу миллатҳоро пешгўӣ кард, ки бояд зинаи тарақиёти капиталистиро мегузаштаанд.
Нақши тамсил дар илмҳои ҳуқуқ. Дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқшиносӣ, махсусан, тафтишот тамсил мақоми муҳим дорад. Баъзан ҳангоми асоснок намудани ҷиҳати ҳуқуқии ин ё он кирдор, ин чунин, дар ҷараёни тафтишот ва гузаронидани экспертизаҳои криминалистӣ ба тамсил муроҷиат менамоянд.
Одатан, ҳангоми татбиқ намудани қонун ва қоидаҳои мантиқ барои таҳқиқи ин ё он кирдори содиршуда қиёсеро истифода мебаранд, ки муқаддимаи калони вай меъёри муайяни ҳуқуқ буда, муқаддимаи хурддонишест, ки воқеияти мушаххасро фаро мегирад. Бо вуҷуди ин, дар баъзе
Абўалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб, Ҷ.I, саҳ 45-46.
Ҳамон ҷо, саҳ 170.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё