Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

низоми ҳуқуқ, тамсили қонун ё амсоли он истифода мешавад. Дар амалияи қонунгузорӣ ба ҳисоб гирифтани тамоми муносибатҳои ҳуқуқ, ки дар ҷомеа рўй медиҳад, ниҳоят мушкил мебошад. Бинобар ин, мақомоти қонунгузор тартиби муаян намудани ин ё он ҳолати махсусро, ки дар меъёрҳои маълум муайян намудаанд, ба ихтиёри мақомоти судӣ гузоштааст. Дар чунин мавридҳо, суд ҳуқуқ дорад, ки ин ё он кирдори дар меъёрҳои ҳуқуқ акс наёфтаро аз рўи монандии он бо меъёрҳои маълум мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Дар низоми ҳуқуқи конститутсионӣ тамсили қонунҳои ҷиноятӣ мувофиқи асосҳои қонунгузории ҷиноии ҷумҳурӣ пешбинӣ нашудааст.
Тамсил, танҳо дар ҳуқуқи шаҳрвандӣ, асосҳои мурофиаи суди шахрвандии ҷумҳурӣ амал мекунад. Зеро, муаян кардани муносибатҳои ҳуқуқи шаҳрвандӣ, яке аз масъалаҳои мураккабтарини соҳаи ҳуқуқшиносӣ ба шумор меравад. Аз ин рў, дар низоми ҳуқуқ пешбинӣ намудани тамоми тарзу тобиши масъалаҳои ҳуқуқи шаҳрвандӣ имконнопазиранд.
Шартҳои аз рўи тамсили қонун ба тартиб даровардани муносибатҳои ҳуқуқи шаҳрвандӣ инҳоянд:

  1. Ҳангоми дар низоми ҳуқуқ набудани меъёре, ки навъи мазкури муносибатро кушоду равшан пешбинӣ менамоянд; 2) Меъёри ҳуқуқ, ки аз рўи тамсил ба кор бурда мешавад, бояд муносибати таҳқиқшавандаро аз рўи нишонаҳои муҳим инъикос намояд.
    Масалан, схемаи натиҷагирии тамсилие, ки дар амалияи суд истифода мешавад, чунин тасвир кардан мумкин аст:
    Кирдори дар қонун пешбинӣшуда (К1) дорои нишонаҳои P,Q,М буда, оқибати ҳуқуқии S – ро дорад. Кирдори К2, ки дар қонун пебинӣ нашудааст, дорои нишонаҳои Р,Q,N мебошад. Барои кирдори К2 оқибати ҳуқуқии S, ки нисбат ба кирдори К1 пебинӣ шудааст, татбиқ мешавад.
    Нишонаҳои P ва Q, ки нисбат ба кирдорҳои К1, К2 ба якдигар шабоҳат доранд, бояд аз ҷиҳати ҳуқуқ муҳим буда, ҷинси муносибатҳои ҳуқуқиро муаян намоянд. Ҳангоми бо ин роҳ гирифтани натиҷа, агар аз нишонаҳои монанд, нишонаҳое, ки аз рўи он К1 ва К2 аз якдигар фарқ мекунанд, (яъне М ва N), бояд таҳқиқ шавад. Гузаронидани (кўчонидани) нишонаро (дар айни ҳол оқибати ҳуқуқии S – ро) фақат ҳамон вақт дуруст шумурдан мумкин аст, ки агар M ва N нишонаҳои навъӣ буда, нишонаи N ба оқибати ҳуқуқии S мухолиф набошад.
    Дар фаъолияти амалии ҳуқуқшиносон ба ғайр аз мафҳуми тамсили қонун, мафҳуми тамсили ҳуқуқ низ кор фармуда мешавад. Моҳияти тамсили ҳуқуқ чунин аст: ҳангоми набудани қонуне, ки бевосита муносибатҳои баҳснокро муназам месозанд, инчунин набудани меъёрҳое, ки дар онҳо ҳолатҳои ба он монанд пешбинӣ нашудаанд, ба суд ҳуқуқ дода шудааст, ки муносибатҳои баҳснокро дар асоси мазмун ва мундариҷаи умумии қонунҳо муайян намоянд.
пешина
аз 262
навбатӣ