Мантиқ

Дар чунин маврид, муҳокимаҳо на аз рўи натиҷагирии тамсилӣ, балки дар шакли қиёс сурат мегирад, ки муқаддимаи калони онро ҳолати мушаххаси нуқтаҳои умумии қонунҳо ташкил медиҳад.
Истифодаи тамсил дар амалияи тафтишот. Суд ё муфаттиш ҳангоми таҳлили маълумоти ба дастоварда на фақат донишҳои илмӣ ва амалиро истифода мебарад, балки он ба таҷрибаи шахсии худ ё таҷрибаи нафари дигар муроҷиат менамояд. Муқоисаи ҳолати мушаххас бо ягон ҳолате, ки қаблан таҳқиқ шудааст, барои суд ё муфаттиш имконият медиҳад, ки дар онҳо нишонаҳои монандро ошкор намоянд ва бо ин васила нишонаҳои то ҳол номаълуми ҷиноят баррасӣ гардад.
Натиҷагирӣ аз рўи тамсил, барои ошкор намудани ҷиноятҳое истифода мешавад, ки агар тарзҳои содир кардани онҳо маълум бошанд. Масалан, ҳангоми таҳқиқи кори ҷиноӣ доир ба дуздии ҳавлӣ, барои муфаттиш маълум шуд, ки ҳангоми вориди хона шудани ҷинояткорон бо вақти либосҳои шусташудаашро ба тор овехтани сохибхоназан рост меояд. Маълум шуд, ки чанд моҳ қабл аз ин тафтишоти парвандаи ҷиноятии ду шаҳрванд нисбати дуздии ҳавлӣ аз тарафи прокуратура мувакқатан боздошт шуда буд. Дар ҳамаи ҳолатҳо, тарзи вориди ҳавлӣ шудани ҷинояткорон якхела мебошанд.
Тахмини муфаттиш дар асоси тамсил нишон дод, ки дуздии ҳавлӣ дар ҳар се ҳолат аз тарафи танҳо як гурўҳ ҷинояткорон содир шудааст.
Хусусияти эҳтимолӣ доштани донишҳое, ки тавассути тамсил ҳосил мешаванд, боиси он мегардад, ки ин гуна донишҳо, дар зинаҳои гуногуни мурофиаи судӣ, мавқеи гуногунро ишғол менамояд. Масалан, дар зинаҳои аввалини мурофиаи судӣ, кор фармудани тамсил мувофиқи мақсад аст, зеро вай дар чунин маврид сабаби мулоҳизаҳо шуда, барои мураттаб сохтани асоси мантиқии тахминҳо (версияҳо) кўмак мерасонад.
Минбаъд ҳангоми исботи тахминҳо нақши натиҷагирии тамсилӣ тағйир меёбад. Акнун лозим меояд, ки дурустии тахминҳои пешниҳодшуда дар асоси фактҳои санҷидашуда собит шавад. Натиҷагириҳое, ки бо ёрии тамсил ба даст оварда шудаанд, ҳеҷ гоҳ асоси айбнома ё ки ҳукми айбдоркуниро ташкил карда наметавонад, зеро онҳо характери эҳтимолӣ доранд. Дар фаолияти амалии суд, ҳам айбнома ва ҳам ҳукми айбдоркунӣ бояд, бо нуқтаҳои эътимоднок асос ёбад, на ин ки ба тахмину фарзияҳо.
Натиҷагирии тамсилиро, баъзан дар экспертизаҳои криминалистӣ истифода мебаранд. Масалан, бо мақсади собит намудани шахси номаълум, аз рўи нишонаҳои зоҳирӣ, нақши ангуштони даст, нақши пой, дандон ва ҳоказо, ё муқаррар намудани муаллифи ягон матн, ё имзо, муқаррар намудани яроқ аз рўи тир ва дигар аслиҳае, ки воситаи содир кардани ҷиноят аст, масъалаи айнияти шахс (идентификатсия), ё чизҳои моддӣ ба миён меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё