Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Дар чунин ҳолатҳо ҷиҳати мантиқии хулосаи экспертҳоро, гузариш аз таҳқиқи як чиз ба чизи дигари бо вай монанд ташкил медиҳад, яъне, дониш аз як ашё ба ашёи дигар кўчонида мешавад. Нишоне, ки аз як ашё ба ашёи дигар кўчонида мешавад, донишҳои зерин буда метавонанд. Масалан, нақши пои шахси муайян, нақши асбобе, ки ҳангоми шикастани дар боқӣ мондааст, нақши мошини сабукрав, ки дар ҷои ҳодиса боқӣ мондааст ва ғайра.
Асоснокии хулосаи эксперткриминалист пеш аз ҳама аз дуруст интихоб намудани нишонаҳои монанд ва тафовутнок дар объектҳои муқоисашаванда вобаста мебошад. Барои он ки ҳангоми гузаронидани экспертизаҳои криминалистӣ тавассути тамсил натиҷаҳои дуруст ба даст дароварда шавад, бояд дар объектҳои муқоисашаванда ҳар чӣ бештар нишонаҳои устувор, монанд ва такроршаванда таҳқиқ карда шавад. Дар чунин мавридҳо тафовут бояд характери тасодуфӣ дошта бошад. Хулоса, дар ин ҷо низ тамоми шартҳои натиҷагирӣ бо ёрии тамсили дақиқ бояд риоя шаванд.
Бо баъзе сабабҳо, хулосаҳои эксперткриминалист, на ҳама вақт бо эътимод мешаванд, зеро онҳо шояд донишҳои эҳтимолӣ бошанд. Бинобар ин, суд ҳангоми исботи ин ё он ҷиноят, набояд муҳокимаи худро дар асоси донишҳои эҳтимолӣ мураттаб созад. Бо вуҷуди он, донишҳо ва хулосаҳои эҳтимолӣ дар кори тафтишот мадади гаронбаҳо хоҳад расонд. Масалан, ҳангоми тартиб додани фарзияҳо ва санҷиши онҳо, амалиёти фаврӣ (оперативӣ) ва ғайра, ба хулосаҳои эҳтимолӣ такя менамоянд. Ба ҳамин тариқ, дуруст аз худ намудани натиҷагирии тамсилӣ, хусусияти онҳо, қоида ва сохти онҳо барои суд, муфаттиш, коргари оперативӣ ва эксперткриминалист ниҳоят зарур мебошанд.
Индуксия ва дедуксия ҳамчун усулҳои маърифат. Масъалаи истифодаи индуксия ва дедуксия ҳамчун усулҳои маърифат дар давоми чандин асрҳо яке аз масъалаҳои мубоҳисавӣ ба шумор мерафт. Бе шубҳа, масъалаи муносибати индуксия ва дедуксия дар маърифат яке аз масъалаҳои муҳимтарини таърихӣ инкишофи фалсафа буд. Индуксия гуфта усулеро дар назар медоштанд, ки тавассути он дар асоси таъмими фактҳои ҷудогона донишҳои куллӣ ҳосил мешаванд ва дар ҳукм, ҷумла ифода меёбад. Агар бо ибораи дигар гўем, дар индуксия аз донишҳо, муқаддимаи фардӣ ва ҷузъӣ хулосаи умумӣ мебароранд. Хулосаи индуксия, ҳамеша аз ҷиҳати умумияти ҳаҷми худ нисбат ба муқаддима васеътар, куллитар аст. Дар дедуксия бошад, баръакс, аз дониш, фикр, ҳукмҳои умумие, ки онҳо чун муқаддима ба шумор мераванд, ба хулосаи нисбатан ҷузъӣ ва баъзан фардӣ мегузаранд.

пешина
аз 262
навбатӣ