Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Аксаран, усулҳои мазкур ба якдигар муқобил гузошта шуда, онҳоро дар ҷараёни маърифат аз ҳам ҷудо мекарданд. Масалан, ба ақидаи Ф. Бэкон, индуксия усули асосии маърифат бошад. Р. Декарт мақоми дедуксияро аз ҳад зиёд, муболиға менамуд. Минбаъд, дар Замони Нав чунин ақидаҳои яктарафа нисбат ба усулҳои маърифат аз байн рафт. Масалан, Г. Галилей, И.
Нютон ва Г. Лейбнис баробари таъкид намудани нақши таҷриба, индуксия дар ҷараёни маърифат ба интуитсия (ҳадс) диққати махсус додаанд. Ба ақидаи онҳо масъалаи ошкор намудани қонунҳои табиат танҳо масъалаи хоси мантиқ набуда, балки интуитсияро низ фаро мегирад. Онҳо ҳангоми мураттабсозӣ ва санҷиши назарияҳои илмиашон нақши ҳалкунанда доштани дедуксия ва фарзияро низ таъкид кардаанд. Нишон доданд, ки фарзия на ҳама вақт мисли индуксия ва дедуксия таҳқиқ мешавад. Бо вуҷуди ин, онҳо муқобилгузории усулҳои индуктивӣ ва дедуктивии маьрифатро комилан бартараф карда натавонистанд.
Методологияи муосир дар асоси татбиқи принсипҳои мантиқ ва диалектика барои таҳлили маърифати илмӣ муқобилгузории индуксия ва дедуксияро бартараф кардааст. Мувофиқи таълимоти диалектикӣ дар ҷараёни маърифат, на танҳо индуксия ва дедуксия, балки боз як зумра усулҳо, принсипҳо, қоидаю шаклҳои дигар, ба мисли абстраксиякунӣ, идеализатсия, масъала, фарзия ва ғайра кор фармуда мешаванд.

Машқу мисолҳо доир ба натиҷагирӣ.

Машқи 1. Оё натиҷагириҳои шартию қатъии зерин дурустанд ё не?
а) Агар дар дўкони фўруши қисмҳои эҳтиётӣ доимо ҳангоми тафтиш молҳои берун аз ҳисоб ошкор шавад, пас дар ин дўкон қисмҳои эҳтиётии дўздишуда фурўхта мешаванд. Дар дўкон ҳангоми тафтиш қисмҳои эҳтиётии аз ҳисоб берун ошкор нашудааст.
Дар дўкони мазкур қисмҳои эҳтиётии дўздишуда фурўхта намешавад.
б) Агар Назиров қотил мебуд, пас ҳамон шабе, ки ин ҷиноят содир шудааст, вай дар ҷои ҷиноят мебуд. Шабе, ки ин ҷиноят содир шудааст, Назиров дар ҷои ҷиноят набуд, зеро ў дар ҷои дигар буд. Пас, Назиров ин ҷиноятро содир накардааст.
в) Агар Офтоб баромада бошад, пас рўз шудааст.
Офтоб баромааст. Пас, рўз шудааст.
г) Агар нақши фаъолияти ҷиноӣ дар протокол (қарор) қайд нашуда бошад, он гоҳ тартиби протсессуалии амали тафтишот риоя нашудааст.

пешина
аз 262
навбатӣ