Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Тартиби протсессуалии амали тафтишот риоя шудааст. Пас, нақши фаъолияти ҷиноӣ дар протокол қайд шудааст.
Машқи 2. Оё дар натиҷагирии мунфасилаи қатъии зерин, натиҷа асоснок шудааст ё не? Агар натиҷа асоснок набошад, пас чаро?
а) Ин шахс ё муҳандис, ё коргар мебошад. Ў коргар аст. Пас, ў муҳандис нест.
б) Ҷиноят метавонад натиҷаи фаъолият ё бефаъолиятӣ бошад. Ин ҷиноят дар натиҷаи фаъолият содир нашудааст. Ин ҷиноят дар натиҷаи бефаъолиятӣ содир шудааст.
в) Ҷирмҳои осмониро сайёраҳо ё ситораҳо ташкил медиҳанд. Ин ҷирми осмонӣ ситора нест. Пас, ин ҷирми осмонӣ сайёра аст.
г) Мафҳумҳо фард ё кулл мешаванд. Мафҳуми "Душанбе" фард аст.
Мафҳуми "Душанбе" кулл нест.
Машқи 3. Кадоме аз муҳокимаҳои мунфасилаи шартӣ дуруст ва кадоме аз онҳо нодуруст мебошанд?
а) Агар файласуф дуалист бошад, пас вай метериалист нест.
Агар файласуф диалектик бошад, пас вай метафизик нест. Вай ё материалист, ё метафизик аст. Пас, вай, ё дуалист нест, ё диалектик нест.
б) Чанд сол қабл аз ин идораи олии флоти ҳарбии Британияи Кабир ба вазири молияи мамлакат муроҷиат карда, хохиш намудааст, ки барои хўроки гурба моҳе 18 шиллинг маблағ ҷудо кунад, зеро онҳо ҳуҷатҳои муҳимро аз мушҳо муҳофизат менамоянд. Вазир чунин ҷавоб дод; "Агар дар идораи олии флоти ҳарбӣ мушҳо мавҷуд бошанд, он гоҳ, барои хуроки гурба маблағ лозим нест, зеро хöроки вайро аз ҳисоби мушҳо таъмин кардан мумкин аст. Агар мушҳо набошанд, дар ин ҳолат ҳам, барои хуроки гурба маблағ лозим нест, зеро ҳоҷати нигоҳ доштани гурба нест" (муҳокимаро ба охир расонед).
в) Ҷавони афинагӣ, барои маслиҳат ба Суқрот муроҷиат намуда, аз ў пурсид: «Ман издивоҷ кунам ё не?». Суқрот дар ҷавоб гуфт: «Агар ба ту завҷаи хуб насиб шавад, он гоҳ, ту хушбахт мешавӣ, агар завҷаи бад насиб шавад, он гоҳ, мисли ман файласуф мешавӣ. Лекин насиби ту ё завҷаи хуб аст ё завҷаи бад». Пирамарде, ки аз сўҳбати онҳо бохабар буд, гуфт: «Лекин, завҷаи ман на хуб ва на бад мебошад». Суқрот дар ҷавоб гуфт: «Пас, завҷаи ту зани хуб аст». Муҳокимаро ба охир расонед.
Машқи 4. Собит намоед, ки кадоме аз формулаҳои зерин айнан ҳақ, кадоме аз онҳо айнан дурўғ ва иҷрошаванда мебошад.
а) р→р б) ℸ(p q→p); в) (p→q→r) → (pvr→q); г) p (qvr)≡(pq) v (pr); д) ((p→ℸq) →q) →ℸр Машқи 5.

пешина
аз 262
навбатӣ