Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Қисмҳои асосии далеловарӣ инҳоянд: тезис, далел (асос) ва тарз ё худ мантиқи далеловарӣ. Баъзан ин тарзи далеловариро намоиш (демонстратсия) низ меноманд.
Тезис – фикрест, ки асоснок намудани он талаб карда шудааст.
Далелҳо (асосҳо) – фикрҳоест, ки барои асоснок намудани тезис истифода мешаванд.
Тарзи далеловарӣ - мантиқан асоснок намудани тезис тавассути далелҳоро гўянд.
Ҳолати хусусии далеловариро исботи мантиқӣ ташкил медиҳад.
Исботи мантиқӣ - собит намудани ягон фикр тавассути фикри дигар, ки ҳақ буданаш пешакӣ муқаррар гардидааст.
Ҳамин тариқ, исботи мантиқӣ - амали мантиқиест, ки тавассути он ҳақ будани ягон фикр дар асоси фикрҳое собит мегарданд, ки ҳақ будани онҳо пешакӣ муқаррар шудааст. Ё ки исбот – далеловариест, ки асоси онро ҳукмҳои ҳақ ташкил медиҳанд. Тарзи далеловариро бошад, муҳокимаҳои демонстративӣ (намоишӣ) ташкил медиҳанд. Муҳокимаҳое, ки ҳамеша ҳангоми ҳақ будани муқаддимаҳо аз онҳо натиҷаҳои ҳақ бармеоянд, муҳокимаҳои демонстративӣ мебошанд. Масалан, натиҷагирии дедуктивӣ, баъзе намуди индуксия ва тамсил муҳокимаҳои демонстративианд.
Аз ин рў, мо метавонем далеловарии исботкунанда ва исботнакунандаро фарқ намоем. Пас, саволе ба миён меояд, ки: Дар кадом ҳолатҳо далеловарӣ исбот шуда наметавонад ва фарқи байни онҳо аз чӣ иборат аст?
Дар мавридҳои зерин далеловарӣ вазифаи исботро иҷро карда наметавонад:

  1. Агар на ҳамаи далелҳо эътиборнок буда, тарзи далеловарӣ аз рўи муҳокимаҳои демонстративӣ сурат гирад. Дар чунин мавридҳо аз сабаби ғайриэътиборнокии баъзе аз далелҳо тезис фақат ҳақиқатнамо мешавад, яъне дуруғ ҳам буданаш мумкин аст.
  2. Агар ҳангоми далеловарӣ ҳамаи далелҳо ҳукмҳои эътиборнок буда, лекин тарзи муҳокимаҳо ғайридемонстративӣ бошад, далеловарӣ исбот шуда наметавонад. Дар чунин мавридҳо низ тезис фақат ҳақиқатнамо мешавад, зеро тарзи далеловарӣ ғайридемонстративӣ мебошад.
  3. Ҳангоми асоснок ё боэътиборнок набудани далелҳо ва ба таври ғайридемонстративӣ сурат гирифтани тарзи муҳокимаҳо низ далеловарӣ ё исбот буда наметавонад.
    Навъҳои далеловарие, ки таъқид шуданд (демонстративӣ ва ғайридемонстративӣ), дар илмҳои гуманитарӣ васеъ истифода мешаванд. Дар фалсафа бошад, аксаран, далеловариҳои навъи 1) ва 3) кор фармуда мешаванд. Зеро дониши фалсафӣ донишест, ки хосият, робита ва қонуниятҳои умумии табиат, ҷамъият ва маърифатро фаро мегирад.
пешина
аз 262
навбатӣ