Мантиқ

Дар илмҳои ҳуқуқ ва иқтисодӣ далеловарии навъи дуюм маъмул мебошад.
Далелнокӣ (истидлол), аз хусусиятҳои муҳими тафаккури дуруст буда, дар қатори возеҳият, безиддиятнокӣ, мунтазамӣ ва асоснокии ин ё он фикр, ҳамчун омили ҳалкунанда ба шумор меравад. Зеро тавассути далелнокӣ, мантиқан дуруст будани фикр собит мегардад. Ҳар як фикр новобаста аз он, ки он фикри алоҳида аст ё муҳокимаи мураккаб, ҳамеша далелнокиро тақозо менамояд.
Таълимот дар бораи исбот ва раддия фасли мураккаби мантиқ буда, бисёрсоҳа мебошад. Тарзҳои исбот ва раддия вобаста ба талаботи илмҳои мушаххас такмилу инкишоф меёбанд. Масалан, агар илми риёзӣ, ҳангоми коркарди усулҳо ва принсипҳои худ бештар ба назарияҳои дедуктивӣ такя кунад, дар илмҳои табиатшиносӣ усулҳое кор фармуда мешаванд, ки онҳо ба мантиқи эҳтимолӣ алоқаманд мебошанд.
Дар илмҳои гуманитарӣ бошад, исбот аз исботи риёзӣ ва илмҳои табиатшиносӣ ба таври куллӣ фарқ дорад. Аз ин рў, барои тамоми илмҳо назарияи умумии исботро ба вуҷуд овардан номумкин мебошад. Одатан, ду тарзи далеловарӣ ё исботро истифода мебаранд: бевосита ва бавосита.
Масалан, барои собит намудани дурустии ҳукми «Борон борида истодааст»
кофист, ки аз тиреза ба берун нигоҳ кунем. Дар чунин ҳолат узвҳои ҳис ҳукми мазкурро тасдиқ ё рад менамоянд. Дар мавридҳои дигар барои тасдиқ ё ради фикр озмун (санҷиш) гузаронида мешавад. Ҳамаи ин исботи бевосита аст. Исботи мазкур дар асоси усулҳои мушоҳида, ченкунӣ, озмун ва ғайра сурат мегирад. Аммо, бевосита собит намудани дурустии ин ё он фикр барои мо, на ҳама вакт муяссар мегардад. Масалан, барои собит наудани он, ки оҳан қобилияти барқгузарониро дорад, гузаронидани озмун шарт нест.
Вайро тавссути муҳокимаи зерин исбот намудан мумкин аст: Ҳамаи фулузот қобилияти барқгузаронӣ доранд, оҳан фулуз аст, пас, маълум шуд, ки оҳан ҳам қобилияти барқгузаронӣ дорад.
Дар ин ҷо ҳақ будани ҳукми мазкур на бевосита, балки бавосита ошкор гардидааст. Чунин тарзи муҳокимаро исботи мантиқӣ меноманд. Доираи татбиқи исбот ниҳоят васеъ буда, онро дар ҷое, ки на мушоҳида ва на озмун татбиқ мешаванд, истифода менамоянд.
Бояд таъкид намуд, ки далеловарӣ ё исбот ва натиҷагирӣ ниҳоят бо якдигар монанд мебошанд. Агар ҳангоми далеловарӣ ё исбот тавассути қонунҳои мантиқ аз далелҳо тезис бароварда шавад, дар натиҷагирӣ бошад, натиҷа аз муқаддимаҳо, мантиқан бармеояд. Барои дуруст будани натиҷагирӣ зарур аст, ки қоидаҳои баровардани натиҷа аз муқаддимаҳо риоя шаванд. Лекин, барои исбот ин кифоя нест. Зеро дар таркиби ҳар як исботи мушаххас шояд, ки ба хатогӣ роҳ дода шавад ва ин хатогиҳо ба тезис ё далел ва ё тарзи исбот алоқаманданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё