Мантиқ

Аз ин хатогиҳо фақат хатогиҳое, ки ба тарзи исбот вобастаанд, ба хатогиҳои натиҷагирӣ монанд мебошанд.
§2. Таркиби исбот ва раддия.
Ҳар як исбот ё раддия аз се қисми таркиби иборат аст: тезис, асос ё далелҳои исбот (ё раддия) ва тарзи исбот (ё раддия). Агар тавассути исбот ҳақ будани тезис собит шавад, пас раддия дурўғ будани тезисро муайян мекунад. Раддияи тезис маънои исботи дуруғии он, яъне ба ҳақиқат мувофиқ набудани тезисро дорад. Исбот ё раддия тавассути натиҷагирӣ ба амал меояд.
Тамоми қоидаҳои исбот ва раддия ба қонунҳои мантиқ, ки дар онҳо қонунҳои олами объективӣ инъикос ёфтаанд, муайян мешаванд.
- Тезиси исбот ё раддия - ҳукмест, ки ҳақ (ё дурўғ) будани вай дар ҷараёни далеловарӣ собит мешавад. Тезис узви асосии исбот (ё раддия) буда, ба саволи зерин ҷавоб медиҳад: чиро бояд исбот кард? Масалан, нуқтаҳои асосии ин ё он илмро дар шакли силсилаи ҳукмҳо баён кардан мумкин аст, ки онҳо низ тезис мебошанд. Теоремаҳои риёзӣ низ тезисанд. Дар тадқиқотҳои эмпирикӣ ба ҷои тезис натиҷаи таъмими маълумотҳои мушаххас ба ҳисоб мераванд. Баъзан, ҳукмҳои хусусият ё худ ҳукмҳое, ки сабаби пайдоиши ашёи алоҳидаро ифода мекунанд, низ тезис шуда метавонад.
Вақте, ки таърихшинос бо мақсади исботи ягон амри мушаххаси таърих онро бо ёрии ҳукм ифода менамояд, ў бе шубҳа бо тезис кордор мешавад.
Дар фаъолияти судию тафтишотӣ, барои исботи чунин ҳукмҳо талаб карда мешавад, ки онҳо кадом ҷиҳати алоҳидаи зуҳуроти ҷиноиро дар бар мегиранд? Пеш аз ҳама, дар бораи шахсияти ҷинояткор, дар бораи шарикони ҷинояткор, дар бораи сабаб ва мақсади ҷиноят, дар куҷо пинҳон шудани чизҳои дўздидашуда ва ғайра. Айбномаи муфаттиш ё ҳукми суд аз ҳукмҳое иборат аст, ки онҳо бо ҳам алоқаманд буда, ҷиҳатҳои муҳимтарини ҷинояти мазкурро инъикос менамоянд. - Асоси исбот ва раддия. Барои исботи ҳақ будани тезис бояд асоси кофӣ муайян карда шавад.
Асоси кофӣ, гуфта ҳукмҳоеро меноманд, ки ҳақ будани онҳо муқаррар шудааст ва аз онҳо, чун натиҷа тезис бармеояд. Донишҳо, ҳукме, ки ҳангоми исбот ба онҳо такя мешавад ва аз онҳо ҳақ будани тезис бармеояд, асос ё далелҳои исбот ном доранд.
Маҷмўи ҳукмҳое, ки барои ҳақ шумурдани тезиси мазкур асоси кофӣ мебошанд, далелҳоро ташкил медиҳанд. Бо ибораи дигар, барои исботи тезис (Т) бояд далелхои Д1, Д2, Д3, ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё