Мантиқ

Дn ошкор карда шавад, ки аз онҳо, чун натиҷа тезис ба миён ояд.
Ҳангоми исбот ҳамчун далел донишҳои гуногун ба кор бурда мешаванд. Донишҳои мазкур набояд исботро талаб намоянд, зеро ҳақ будани онҳо шояд пешакӣ маълум бошад. Одатан ба сифати далелҳо:
а) донишҳо дар бораи амрҳои (фактҳо) алоҳидаи санҷидашуда; б) таърифот; в) аксиомаҳо; г) донишҳои қаблан собитшудаи ин ё он илм, инчунин теоремаҳо истифода мешаванд.
а) донишҳо дар бораи падидаҳои алоҳидаи санҷидашуда ҳамчун асоси исбот.
Падидаҳо, зуҳурот ва ҳодисоте, ки дар воқеият ҷой доранд, асоси исбот шуда метавонанд, ба шарте, ки онҳо собитшуда бошанд. Лекин, онҳо чудо набуда, балки бо ҳам алоқаманд мебошанд. Аз ин рў, ҳангоми исбот фактҳоро дар якҷоягӣ татбиқ намуда, робитаи онҳоро низ ба назар гирифтан лозим аст. Фактҳои аниқи бешубҳа, ки бо алоқамандии якдигар гирифта мешаванд, на танҳо «қайсар», балки бешубҳа чизи исботкунанда низ мебошанд, таъкид намудааст В.И. Ленин.
Дар фаъолияти суду муфаттишон, амрҳо ҳамчун далелҳои эътимоднок истифода мешаванд. Барои собит намудани он, ки шахси айбдоршавандаро дар содир шудани ҷинояти мазкур айбдор шуморидан мумкин ё не, суд ё муфаттиш исботи худро дар асоси далелҳои маълум тартиб медиҳад.
Масалан, агар ҳангоми кофтукови хонаи айбдоршаванда яроқ ёфта шавад, амри мазкур кифоя аст, ки нисбат ба он шахс парвандаи ҷиноӣ кушода шавад, зеро мувофиқи моддаи кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пинҳонӣ нигоҳ доштани яроқ манъ шудааст.
б) Таърифот ҳамчун асоси исбот.
Дар бисёр мавридҳо баробари ҳукмҳо оид ба амрҳои алоҳида санҷидашуда, ҳамчун асоси исбот, таърифи мафҳумҳои асосии илми мазкур истифода мешаванд. Дар таърифот мазмуни мафҳум ошкор гардида, нишонаҳои муҳимтарини ашё ва зуҳурот инъикос мешаванд. Масалан, дар илмҳои иқтисодӣ қариб ҳамаи исботи донишҳое, ки илми мазкур фаро гирифтааст, дар асоси таърифҳои мафҳумҳои «истеҳсолот», «қувваҳои истеҳсолкунанда», «муносибатҳои истеҳсолӣ», «мол», «пул», «капитал», «арзиши изофа», «арзиши мубодила», ва ғайра сурат гирифтааст. Дар илмҳои ҳуқуқшиносӣ таърифҳои зеринро ба сифати асоси исбот қабул кардан мумкин аст: «Азони худ гуфта боғаразона нигоҳ доштан ё сарф намудани молу мулки бегона, ки ба дасти касе боварӣ карда супорида шуда буд, меноманд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё