Мантиқ

«Шартнома – амалест, ки барои барқарор, тағйир ё қатъ гардидани муносибатҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ равона шудааст».
Таърифот танҳо дар он сурат асоси исбот шуда метавонанд, ки агар онҳо ҳақ буда, мувофиқи қоидаҳои таъриф тартиб дода шуда бошанд. Агар дар таъриф мазмуни ягон мафҳум ошкор шуда бошад, пас таърифи мазкур набояд тағйир дода шавад. Дар ҳолати акс, асоснок намудани ин ё он нуқтаи илм душвор мешавад. Масалан, агар дар илми ҳуқуқ шаҳрванди таҳти мафҳуми «шартнома» дар як ҳолат як чиз ва дар ҳолати дигар чизи дигар ба назар гирифта шавад, пас якчанд нуқтаҳоеро оид ба шартномаҳо исбот намудан ғайриимкон мешавад. Бо вуҷуди он вобаста ба амиқтар шудани донишҳои мо доир ба ашё ва зуҳуроти воқеӣ таърифҳо низ тағйир меёбанд.
в)Аксиомаҳо ва постулатҳо ҳамчун асоси исбот Аксиомаҳо ё постулатҳоро барои он ҳамчун асоси исбот қабул кардан мумкин, ки онҳо дар таҷрибаи чандинсолаи одамон исбот шудаанд.
Аксиома ё постулат ҳукмҳое мебошанд, ки дар ҳудуди соҳаи муайяни илм ҳамчун дониши ҳақ исботро талаб намекунанд.
Аксиомаҳо ё постулатҳо дар риёзиёт, физикаи назарӣ ва механика восеъ истифода мешаванд. Масалан, аксиомаҳо ва пастулатҳои риёзиёт на ҳамеша исботталабанд, зеро онҳо дар зарфи ҳазорсолаҳо дар таҷриба, ҳаёт ва фаъолияти амалии инсон тасдиқ шудааст. Гуфтори зерин: «Аз болои ҳаргуна ду нуқта хатти рост гузаронидан мумкин мебошад»; «Аз болои ду нуқта ду хатти рости гуногун гузаронидан мумкин нест»; «Дар ҳар як хатти рост ақаллан ду нуқта ҳаст» ва ғайраҳо аксиомаҳои геометрианд.
Дар риёзиёт нуктаҳое, ки исбот гардидаанд, ҳамчун асос барои исботи дигар нуктаҳо истифода мешаванд, теорема ном доранд. Фарқи байни аксиома ва теорема нисбист: нуктаи барои як илм аксиома, дар илми дигар теорема шуда метавонад. Аксиомаҳо ҳам мисли донишҳои мо тағйир меёбанд.
Постулатҳо ҳам мисли аксиомаҳо асоси исботро ташкил дода, дар ҳудуди илми мазкур исботро талаб намекунанд. Постулат (лот. рostu-latum – матлуб) - тахмин, замина, амрест, ки дар илми мазкур бе исбот ҳамчун аввалиёт қабул мешавад. Постулатҳо ва аксиомаҳо ниҳоят бо якдигар наздиканд.
г) Донишҳои муқаддам исботшуда ҳамчун асоси исбот.
Ғайр аз донишҳо ва принсипҳое, ки мо онҳоро дар боло зикр кардем, боз принсипҳое ҳастанд, ки ҳангоми исбот чун асос ё далел хизмат менамоянд. Принсипҳои мазкур инҳоанд: қонунҳои диалектикии инкишоф, қонунҳои физика, қонунҳои химия ва ғайра. Қонунҳои табиат, ҷамъият ва маърифат қонунҳоеанд, ки дурустии онҳоро фаъолияти амалии одамон дар зарфи ҳазорсолаҳо тасдиқ намудааст. Бинобар ин, онҳоро ҳамчун асоси исбот истифода бурдан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё