Мантиқ

Бояд таъкид кард, ки набояд мавқею мақоми қонунҳои мазкур ҳангоми исбот аз будаш зиёд қадр карда шавад. Бо ин мақсад доираи татбиқи ҳар як қонунро муайян кардан лозим аст. Чунинанд асосҳои исбот.
Абўалӣ Сино чор навъи далелҳоро таҳқиқ намудааст, ки онҳо асоси исботро ташкил медиҳанд: ҳадд (таърифот), илми мутаориф ё ки илми ҷомеъ (аксиомаҳо), асли мавзўъ (фарзия) ва мусодараҳо (постулатҳо).
Ба ақидаи ў, ҳадд яке аз ақсоми мабодии исбот мебошад. Масалан:
таърифи нуқта, хат ва шакл дар геометрияи Уқлидус (Евклид). Аксиомаҳо муқаддамоти аввалӣ ва ғайри аввалиест, ки нисбати ҳақ будани онҳо ягон шубҳае нест. Масалан, «ҳар чизҳо баробар буванд, нимаҳои онҳо низ баробар буванд», ё «чун аз баробар кам кунӣ, баробари боқӣ, ки бимонад, баробар буванд». Асли мавзўъ, ки асоси илм аст, шояд дар илми мазкур нисбат ба он шубҳа пайдо шавад, лекин ҳақ будани вай дар илми дигар собит мешавад. Дар илми мазкур ин навъи мабодӣ бояд ба тақлид гирифта шавад.
Мусодара мисли асли мавзўъ буда, муваққатан асоси исбот дониста мешавад.
Масалан, «ба ҳар нуқтаи марказ ҳар доирае шояд кардан» - таъкид намудааст Ибни Сино.
3. Намоишдиҳӣ (демонстратсия). Намоишдиҳӣ ё шакли исбот гуфта тарзи робитаи мантиқии тезисро бо далелҳо меноманд. Тезис ва далелҳои исбот аз рўи шакли мантиқиашон ҳукмҳо мебошанд. Онҳо, ки тавассути ҷумлаҳои грамматикӣ ифода меёбанд, бинобар ин, тезис ва далелҳоро мо бевосита идрок карда метавонем: тезис ва далелҳоро бо чашм дидан мумкин аст, агар ба шарте, ки онҳо навишта шуда бошанд, шунидан ҳам мумкин, агар онҳо гуфта шаванд.
Лекин тезис ва далелҳо худ ба худ, бидуни робитаи мантиқӣ исботро ташкил намедиҳанд. Далелҳо танҳо дар ҳамон вақт қадру қимат пайдо мекунанд, агар аз онҳо ҳамчун натиҷа тезис бароварда шавад. Ҷараёни баровардани тезис аз далелҳоро намоишдиҳӣ мегўянд. Ин метавонад натиҷагирии алоҳида бошад, лекин дар бисёр мавридҳо силсилаи муҳокимаҳоянд. Шакли асоснок кардани тезис метавонад дедуктивӣ, индуктивӣ ё тамсилӣ бошад. Ҳамин тариқ, дар ҷараёни исбот аз рўи натиҷаи (тезиси) маълум муқаддимаҳои натиҷагирӣ (далелҳо) барқарор мешавад.
§ 3 Навҳои исбот ва раддия
Исбот ду хел мешавад: исботи мустақим ва ғайримустақим. Исботе, ки дар он ҳақ будани тезис тавассути далелҳои пешниҳодшуда, мувофиқи қоидаҳои мантиқ собит мегардад, исботи мустақим ном дорад. Масалан,
0 барои исбот кардани он ки «суммаи кунҷҳои чоркунҷа ба 360 баробар аст», бояд ин тавр муҳокима ронем: маълум аст, ки диагонали чоркунҷа онро ба
0 ду секунҷа тақсим мекунад. Суммаи кунҷҳои секунҷа 180 –ро ташкил
0 медиҳад. Пас, суммаи кунҷҳои чоркунҷа ба 360 баробар аст, зеро чоркунҷаи мазкур аз ду секунҷа иборат аст. Исботи мустақим аз ду марҳила иборат аст:
а) дарёфти ҳукмҳое, ки ҳақ будани онҳо шубҳанок нест; б) муқаррар намудани робитаи мантиқии далелҳо бо тезис.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё