Мантиқ

Аксаран марҳилаи якумро марҳилаи тайёрӣ меноманд ва аз далелҳо баровардани тезисро ҳамчун исбот мепиндоранд. Боз як мисолро аз назар мегузаронем. Ҳукми «Тоҷикистон конститутсияи худро дорад»-ро бо ёрии муҳокимаронии зерин исбот намудан мумкин аст: а) Ҳамаи ҷумҳуриҳо конститутсияҳои худро доранд. б) Тоҷикистон ҷумҳурӣ аст. Равшан аст, ки тезиси «Тоҷикистон конститутсияи худро дорад» мантиқан аз ҳукмҳои а) ва б) бармеояд.
Дар исботи ғайримустақим дуруғ будани антитезис (инкори тезис) собит мешавад. Сипас, дар асоси принсипи истиснои солис оид ба ҳақ будани тезиси мазкур хулоса бароварда мешавад. Ҳамин тариқ, барои муқаррар намудани дурустии тезис, бояд дуруғ будани антитезис собит шавад. Аз ин рў, исботи ғайримустақимро баъзан исботи бар акс ё исботи хулф низ меноманд. Барои мисол исботи теоремаи зеринро аз назар мегузаронем: «Аз нуқтае, ки берун аз хатти рост воқеъ аст, фақат якто перпендикуляр гузаронидан мумкин аст». Ҳукми мазкур тезис аст. Барои исботи тезис фарз кунем, ки «Аз нуқтае, ки берун аз хатти рост воқеъ аст, дуто перпендикуляр гузаронидан мумкин мебошад». Ин ҳукм антитезисро ташкил медиҳад. Агар антитезис ҳақ бошад, пас аз он натиҷаҳои зерин бармеоянд: а) ҳар дуи перпендикуляр ва хатти рост секунҷаро ташкил медиҳад; б) ҳар як перпендикуляр бо хатти рост кунҷи ростро ташкил медиҳад; в) суммаи ду
0 кунҷи мазкур ба 180 баробар аст. Аммо натиҷаи охирин ба шарти теоремаи машҳур зид аст, зеро дар он гуфта шудааст, ки суммаи кунҷҳои дохилии
0 секунҷа ба 180 баробар аст. Аз ин рў, маълум мешавад, ки тахмини мо (антитезис) дуруғ будааст. Пас, мувофиқи принсипи истиснои солис тезиси мазкур ҳақ мебошад. Мисоли дигар: духтур бо мақсади беморро бовар кунонидан мегўяд, ки ў ба бемории зуком дучор нашудааст. Барои ин духтур ин тавр мулоҳиза менамояд: агар дар ҳақиқат шумо зуком мебудед, он гох аломатҳои махсуси зуком (дарди сар, ҳарорати баланд ва ғайра) мушоҳида мешуданд. Аммо дар шумо ягон аломати зуком нест. Пас, маълум мешавад, ки шумо зуком нестед.
Муҳокимаи мазкур низ исботи ғайримустақим аст. Ба ҷои асоснок намудани тезис антитезис пешниҳод шудааст, яъне бемор дар ҳақиқат зуком мебошад. Пас, аз антитезис натиҷаҳое гирифта шудааст, ки онҳо бо маълумоти объективӣ мувофиқат намекунанд. Ин дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки тахмини пешниҳодшуда дуруғ аст. Сипас, маълум шуд, ки бемор зуком набудааст.
Моҳияти исботи ғайримустақиме, ки баён кардем, чунин аст: Барои асоснок намудани тезис ҳукми дигар пешниҳод мешавад, ки вай инкори тезис бошад. Аз далелҳои мавҷуда ва антитезис бо таври дедуктивӣ ё индуктивӣ зиддият (конъюнксияи ягон ҳукм якҷоя бо инкораш) ҳосил мешавад. Дар натиҷа доир ба дуруғ будани тезис хулоса бароварда мешавад.
Агар тезисро бо ҳарфи Т, маҷмўи далелҳоро бо ҳарфи Г ва баромадани натиҷаро бо аломати ⊨ ишора кунем, пас схемаи исботи ғайримустақимро ин тавр тасвир намудан мумкин аст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё