Мантиқ

Г, ┐Т ⊧ В ⋀ ┐В
Г ⊧ т
Чунин навъи исботи ғайримустақимро исботи акс ё ки исботи апагогӣ (калимаи юнонӣ, маънояш дур бурдан) меноманд. Исботи апагогӣ ҳама вақт дар шакли қиёси шартию қатъӣ сурат мегирад. Мисоли зеринро аз назар мегузаронем. Фарз кунем, ки тезиси зерин – «Аҳмадов бевосита иштирокчии ҷиноят намебошад» дода шудааст. Пас, антитезис – «Аҳмадов бевосита иштирокчии ҷиноят аст» мешавад. Аз антитезис бармеояд, ки «Вай ҳангоми содир шудани ҷиноят дар ҷой ҷиноят будааст». Бинобар ин, «Агар Аҳмадов бевосита иштирокчии ҷиноят бошад, пас, ҳангоми содир шудани он ў дар он ҷо будааст». Акнун бояд натиҷаро санҷид. Агар натиҷа ба ҳақиқат мувофиқ набошад, яъне маълум шавад, ки «Аҳмадов ҳангоми содир шудани ҷиноят дар он ҷо набуд», пас, натиҷа бароварда мешавад, ки тезиси «Аҳмадов бевосита иштирокчии ҷиноят нест» дуруст аст. Агар тезиси исботшавандаро бо ҳарфи А ва антитезисро бо ┐А ишора кунем, пас, схемаи исботи апагогии мазкурро чунин тасвир кардан мумкин мебошад:
Агар ┐А, пас В ва ┐В
А
Дар ин ҷо, В-натиҷа ва ┐В-ҳукмест, ки дуруғ будани натиҷаро ифода мекунад.
Навъи дигари исботи ғайримустақимро исботи мунфасил меноманд.
Исботи мунфасил навъи исботи гайримустақим буда, дар вай барои тасдиқи ҳақ будани тезис, ғайр аз тезис, ҳамаи узвҳои ҳукми мунфасила (дизъюнктивӣ) истисно мешавад. Масалан, барои исботи ҳукми «Ин ҷиноятро Аҳмадов содир кардааст», бояд маълум бошад, ки ҷинояти мазкурро ё Аҳмадов, ё Каримов ё Назаров содир карда метавонистанд.
Сипас, муқаррар гардид, ки на Каримов ва на Назаров ин ҷиноятро содир накардаанд. Дар натиҷа, хулоса бароварда мешавад, ки ҷинояти мазкурро Ахмадов содир кардааст.
Дар исботи мунфасил бояд ҳамаи ҳолатҳои имконпазир, тавассути ҳукми мунфасила ба ҳисоб гирифта шавад.
Мисоли дигар: Дар хона ҳамагӣ се нафар буданд ва яке аз онҳо ҳалок шудааст. Аниқ муқаррар шуд, ки ба хона ягон кас надаромадаасту аз он ҷо низ ягон кас набаромадааст. Ин тавр муҳокима меронем: ошкор гардид, ки ҳодисаи рўйдода қатл аст, на худкушӣ, яъне шахси ҳалокшуда худкушӣ накардааст (┐А1); шахси дуюм ҳам ўро накуштааст (┐А2). Пас, маълум мешавад, ки ўро шахси сеюм куштааст (А3). Исботи мазкурро чунин тасвир кардан мумкин аст.
А1 V А2 V А3
┐А1__
А2 V А3
┐А2___
А3 Исботи ғайримустақими мунфасил аз рўи қиёси мунфасили қатъӣ сурат мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё