Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Формулаи умумии исботи мунфасил чунин аст:

АVВVС; ┐В, ┐С
А
Ибни Сино исботи ғайримустақимро қиёси хулф номидааст. Мо дар ин ҷо чанд фикри мутафаккирро доир ба исботи хулф таъкид менамоем. Ибни Сино гуфтааст, ки фарқ байни исботи мустақим ва ғайримустақим он аст, ки дар исботи ғайримустақим барои собит намудани дурустии тезис хилофи онро (яъне антитезисро) ботил мекунанд. Ва ҳар чӣ аз вай муҳол лозим ояд, муҳол бувад, зеро ки чун муҳол набувад, ҳаргиз он ки аз муҳол чорае нест, набувад.
Исботи хулф, таъкид намудааст ў, аз ду қиёс таркиб ёфтааст: яке қиёсе аст аз ҷумлаи қиёсҳои иқтиронии нодир, ки ман кашф кардам ва дигаре қиёси истисноӣ. Масалан, барои исботи ҳукми «Ҳамаи А-В аст» мегўянд, ки «На ҳамаи А-В аст». Агар «На ҳамаи А-В бошад», пас «Ҳамаи С-В» фикри мазкур бешак аст. Аз ин ҷо чунин натиҷа бармеояд, ки «На ҳама А-С аст».
Валекин ин муҳол аст. Сипас, гуфтори мо, ки «Ҳамаи А-В аст» ҳақ бувад.
Ибни Сино таъкид кардааст: олимон барои тартиб додани чунин муҳокима ба қиёсҳои дуруст муроҷиат карда, вақти бисёреро сарф кардаанд.
Арасту ҳам бо қиёси мазкур ишора кардааст. Валекин ў он миқдор гуфтааст, ки қиёси хулф фақат шартӣ мешавад. Бинобар ин, ман мақсад гузоштам, ки
1 қиёси хулфро ҳаматарафа таҳқиқ намоям.

§ 4. Танқид ва раддия

Танқид фаъолият ё худ амалест, ки ба амали истидлол муқобил аст. Агар мақсади далеловарӣ дар бораи дурустии ин ё он фикр, ҳукм мўътақид кунонидан бошад, пас ҳангоми танқид ҳақ ё асоснок будани фикр зери шубҳа гузошта мешавад. Бо ин минвол, боварии касро аз ҳақ будани ин ё он фикр гардонидан мумкин аст. Дар натиҷа кас мўътақид мешавад, ки фикри мазкур дурўғ аст. Ҳангоми танқид мақсади гузошташуда на ҳамеша иҷро мешавад, зеро дар баъзе маврид фақат асоснок набудани ягон фикр муқаррар мешаваду халос. Дар мавриди дигар бошад, дурўғ ва нодуруст будани фикр муқаррар мегардад. Вобаста ба ин танқид ду навъ мешаванд: Танқиди далеловарӣ ва муқаррар кардани нодурустӣ (дурўғ будан) ё ки характери эҳтимолӣ доштани ягон фикр ё ин ки ҳукм. Дар мавриди дуюм ҳукми танқидшавандаро тезис меноманд. Ҳолати хусусии намуди дуюми танқидро раддияи мантиқӣ мегўянд.
Раддияи мантиқӣ гуфта бо ёрии воситаҳои мантиқӣ ва фикрҳои дуруст собит шудани дурўғии фикреро (ҳукмеро) гўянд. Ҳукмҳои дуруст, ки зимни онҳо дурўғ будани фикри мазкур собит мешавад, далелҳои раддияро ташкил медиҳанд. Танқиде, ки онҳо раддия шуда наметавонад, низ дорои далелҳост.

. Ниг. Абўалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб. Ҷилди якум, с.45, 176.

пешина
аз 262
навбатӣ