Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Дар чунин маврид далелҳоро чунин ҳукмҳо ташкил медиҳанд, ки ҳақ будани онҳо пурра ё қисман собит шудааст.
Аксаран, ҳангоми баҳсу мунозира мо барои ҳимояи ақидаи худ доир ба ин ё он масъала ё фикр кўшида, ақидаи ҳарифро рад карданӣ мешавем. Аз ин рў, мо на танҳо дурустии ақидаи худро ҳимоя карда тавонем, балки роҳҳои рад кардани ақидаҳои ғалати ҳарифро низ донем. Рад кардани ақидаҳои ғалат, тезисҳои бардурўғ, моҳияти раддияи мантиқиро ташкил медиҳад, зеро раддия усули мантиқиест ки бо ёрии он дурўғ будани тезис собит мешавад. Бинобар ин, раддия ва исбот ниҳоят ба якдигар монанд мебошанд.
Раддия низ мисли исбот аз се қисми таркибӣ иборат аст: тезис, далел ва тарзи раддия. Тезиси раддия ҳукмҳоеанд, ки исботи дурўғ ё ғалат будани онҳо талаб шудааст. Далелҳои раддия гуфта ҳукм ё донишеро меноманд, ки бо ёрии онҳо тезис рад мешавад. Муҳокимаҳое, ки бо ёрии онҳо дурўғ будани тезис дар асоси далелҳои интихобшуда исбот мешавад, тарз ё шаклҳои раддияро ташкил медиҳанд. Аз ин рў, раддия дар намуди натиҷагириҳои гуногун ба амал меояд.
Дурўғ будани тезис бо якчанд роҳҳо исбот карда мешавад:

  1. бо роҳи рад кардани далелҳое, ки барои тасдиқ намудани он оварда мешавад; 2) бо роҳи рад кардани робитаи байни тезис ва далелҳо; 3) бо роҳи рад намудани худи тезис.
    Аз ин рў, навъҳои зерини раддияи мантиқӣ мавҷуданд:
    1.Раддияи тезис.
    2.Раддияи далелҳо.
    3.Раддияи робитаи байни тезис ва далелҳо.
    Бояд таъкид кард, ки на ҳама гуна танқиди тезис маънои рад кардани онро дорад. Дар мавридҳои зерин танқид раддияи тезис шуда наметавонад:
  2. агар далелҳо ҳукмҳои пурра асоснок набошад; 2) агар шакли раддия муҳокимаи ғайридемонстративӣ бошад; 3) агар далелҳо шубҳанок бошанд ва шакл ҳам муҳокимаи ғайридемонстративӣ бошад.
    Раддияи тезис. Ду роҳи исботи дурўғ будани тезис маълум аст:
    а) бояд собит кард, ки натиҷаҳои аз тезис бароянда дурўғанд; б) исботи антитезис.
    Усули якуми раддияи тезисро, усули то ба дараҷаи сафсата ё бемаънигӣ расонидан (лот. reductio ad absurdum) меноманд. Моҳияти усули мазкур чунин аст: бо мақсади исбот кардани дурўғии тезис - Т. Фарз мекунанд, ки вай ҳақ аст ва аз он натиҷаи В – ро мебароранд. Агар муқаррар карда шавад, ки В дурўғ аст, пас хулоса мекунанд, ки Т низ дурўғ аст. Схемаи муҳокимаронии мазкур чунин аст:

Г⊨┐Т Дар исботи антитезис, яъне ҳангоми рад намудани тезис бо ёрии исботи антитезис, тезиси наверо исбот мекунанд, ки ба тезиси радшаванда зид мебошад.

пешина
аз 262
навбатӣ