Мантиқ

Аз ҳақ будани ҳукме, ки ба тезис дар муносибати зиддият аст, мувофиқи принсипи ғайризиддиятнокӣ дурўғ будани тезис бармеояд.
Масалан, барои рад кардани ҳукми «Ҳеҷ як бегуноҳ шахси маҳкумшуда намебошад», бояд ҳақ будани антитезис «Баъзе бегуноҳон шахсони маҳкумшуда мебошад» исбот шавад. Барои исботи ҳақ будани антитезис кифоя аст, ки ягон факти онро тасдиқкунанда оварда шавад: «Каримов бегуноҳ буд, лекин ўро дар асоси ҳукми суд ҳабс карданд». Пас, «Баъзе бегуноҳон маҳкумшудагон мебошанд». Мувофиқи принсипи истиснои солис тезиси «ҳеҷ як бегуноҳ шахси маҳкумшуда нест» дурўғ аст, барои он ки тезиси ба вай зид «Баъзе бегуноҳон шахсони маҳкумшудаанд» ҳақ аст.
Раддияи далелҳо. Моҳияти усули мазкурро муқаррар кардани дурўғии далелҳои исбот ташкил мекунад. Агар дурўғ будани далелҳое, ки барои тасдиқи тезис оварда шудаанд, собит гарданд, пас бо ҳамин тезис низ рад мешавад. Лекин дар хотир бояд дошт ки дурўғ далелҳое, ки барои тасдиқи тезис оварда шудаанд, на ҳама вақт боиси дурўғии тезис мешавад, зеро тезис метавонад ҳақ бошад. Маълум аст, ки тезис – натиҷа буда, далелҳо асос мебошанд. Дар яке аз қоидаҳои қиёси шартию қатъӣ гуфта шудааст, ки аз дурўғ будани асос, дурўғии натиҷа барнамеояд. Натиҷа ҳам дурўғ ва ҳам ҳақ шуда метавонад. Бинобар ин, мумкин аст, ки ҳақ будани тезиси мазкур аз дигар далелҳо барояд, ки онҳоро шахси исботкунанда ёфта натавонистааст.
Раддияи рабитаи тезис бо далелҳо. Моҳияти усули мазкурро нодуруст будани муҳокимаи демонстративӣ ташкил медиҳад, яъне муҳокима ғайридемонстративӣ аст.
Гарчанде далелҳои тезис ҳукмҳои ҳақ бошанд ҳам, аз онҳо на ҳамеша ҳақ ё дурўғ будани тезис бармеояд. Масалан, тезиси «Аҳмадов факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Маскавро тамом кардааст» ин тавр исбот шудааст: «Шахсоне, ки факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Маскавро тамом кардаанд, назарияи давлат ва ҳуқуқро хуб медонанд; Аҳмадов назарияи давлат ва ҳуқуқро хуб медонад, пас маълум мешавад, ки Аҳмадов факултаи ҳукуқшиносии Донишгоҳи давлатии Маскавро тамом кардааст».
Исботи мазкур нодуруст аст, зеро дар он яке аз қоидаҳои натиҷагирӣ (термини миёна ақалан бояд дар яке аз муқаддимаҳо бо ҳаҷми пурраааш гирифта шавад) риоя нашудааст. Нодурусти исбот боиси раддияи исбот мешавад, на ин ки рад кардани тезис. Тезис новобаста аз тарзи радия ҳақ ё дурўғ шуда метавонад. Бояд барои исбот ё рад намудани тезис тарзи дигари муҳокима – муҳокимаи демонстративӣ истифода шавад.
§5. Қоидаҳои далеловарӣ ва танқид.
исбот ва раддия Исботу раддия ва далеловарию танқиидро ҳангоми баҳсҳо тез тез истифода мебаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё