Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Баҳсҳо якчанд хел мешаванд: баҳси илмӣ, мунозира, диспут ва ғайра.
Барои гузаронидани мубоҳисаи илмӣ тарафҳои муқобил бояд доираи баҳс (далеловарӣ)–ро муайян намоянд. Масалан, маҷмўи мафҳум ва ҳукмҳо, инчунин, қоидаҳои мантиқ доираи баҳсро ташкил карда метавонанд, зеро нисбат ба таъбири онҳо ақидаи якчанд кас умумӣ мебошад.
Дар мунозираю ҷадал на ҳама вақт мавзуи умумӣ интихоб карда мешавад, зеро мақсад аз онҳо ошкор намудани ҳакиқат нест. Ҳол он ки баҳси илмӣ барои ба даст даровардани ҳақиқат гузаронида мешавад.
Баҳси навъи якум, яъне баҳс барои ҳақиқат – баҳси диалектикӣ ном дорад (дар ин ҷо калимаи «диалектикӣ» ба он маъно, ки дар Юнони қадим кор мефармуданд, истифода шудааст). Мубоҳисаи илмӣ диалектикӣ буда, диспут ва мунозира (полемика) на ҳамеша диалектикӣ аст. Баҳси навъи дуюм, яъне баҳсе, ки мақсад аз он бо ҳар роҳе, ки бошад бояд ғалаба кард, баҳси эрестикӣ (юн. «эристикос» - санъати мубоҳиса) ном дорад.
Дар баҳси диалектикӣ тарафҳои муқобилро оппонентҳо (ҳарифҳо) мемонад. Агар яке аз тарафҳо як тезисро пешниҳод намояд ва тарафи дўюм ба вай розӣ набошад, пас тарафи якумро пропонент ва дўюмро оппонент мегўянд. Тарафҳои муқобили баҳси эристикиро ҳарифон ташкил медиҳанд.
Дар баҳсҳои эристикӣ баъзан усулҳое ба кор бурда мешаванд, ки истифодаи онҳо аз нуқтаи назари ахлоқ хуб нест. Ин гуна усулҳоро ҳилаю найранг меноманд.
Ҳилаю найранг – усулест, ки вазифаи яке аз баҳскунандагонро осон ва баҳскунандаи дуюмро мушкил менамояд. Аз ин рў, ба кор бурдани ҳилаю найранг манъ аст. Бо вуҷуди он донистани он барои сари вақт фош намудани баъзе баҳсҳо кўмак мерасонад.
Усулҳое ҳастанд, ки ҳарчанд вазифаи яке аз баҳскунандаро осон кунад хам, лекин барои баҳскунандаи дигар халал намерасонанд. Ин гуна унсулҳоро кор фармудан мумкин мебошад. Барои мисол ду усули мазкурро номбар мекунем.
Якум – “кашол додани эътироз”. Моҳияти усули мазкур чунин аст.
Масалан, хангоми ба ягон савол ҷавоб додан, муаллим шояд душворие ҳис кунад, гарчанде ў боварӣ дорад, ки ҷавоби дуруст дода метавонад. Чӣ бояд кард? Муаллим бо мақсади бурд кардани вақт мумкин аст, ки далелҳои қаблиро боз такрор намояд ё ягон ҳодисаи шавқовареро ба ёд оварда, барои шунавандагон нақл мекунад, то ки дар ин муддат эътирози худро нисбат ба саволи мазкур тайёр намояд.
Дўюм – “пинҳонкунии тезис”. Яке аз талаботи таълим аз он иборат аст, ки ҳангоми маърўза ё дигар навъҳои машғулият, бояд пеш аз ҳама тезиси исботшаванда аниқу возеҳ, баён шавад ва баъд барои асоснок намудани он шурўъ бояд намуд.

пешина
аз 262
навбатӣ