Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Чунин тарзи тартиб додани дониш барои шунавандагон имкон медиҳад, ки ба моҳияти масъалаи асосӣ дуруст сарфаҳм раванд.
Баъзан чунин рафтор менамоянд: аавал далелҳоро равшану возеҳ баён мекунанд ва аз оппонент мепурсанд, ки вай бо далелҳои пешниҳодшуда розӣ аст ё не. Баъд аз ҷамъи далелҳои тезисро мебароранд. Баъзан, ҳатто тезисро намебароранд, зеро ин кор ба ихтиёри оппонент гузошта мешавад. Ғайр аз он, дар баъзе мавридҳо, барои он, ки оппонент наранҷад, тезиси дуруғ пешниҳод мешавад, ки он аз далелҳо барнамеояд. Аммо, оппонент дар асоси мулоҳизаҳои минбаъдаи худ, хатоиро ислоҳ намуда, ба хулосаи дуруст меояд.
Усули мазкурро дар чунин мавридхо ба кор бурдан мумкин аст, ки агар оппонент барои исботи тезис ҳавасманд набошад.
Ҳилаю найрангҳое, ки дар бахс кор фармуда мешаванд, аксаран ба хатогиҳои мантиқӣ (хатоиҳои барқасдона) асос меебанд. Хатоҳои барқасдонаро суфастоӣ меноманд ва шахсоне, ки чунин хатогиҳоро содир менамоянд, софистҳо мебошанд.
Дар Юнони қадим гурўҳи одамон – софистҳо буданд, ки онҳо барои музди муайян санъати дар мубоҳиса ғолиб омаданро таълим медоданд. Яке аз чунин муаллимон, файласуф – Протогор буд.
Эватл аз Протогор санъати баҳсро омўхтааст. Мувофиқи шартномае, ки онҳо тартиб дода буданд, Эватл бояд пас аз ғалабаи нахустини худ дар мурофиаи судӣ, ҳақи таълимро ба Протогор баргардонад. Пас аз тамом шудани таълим як сол гузашт. Протогор бесабрӣ зоҳир намуда, ба Эватл гуфт, ки ҳақи таълимро диҳад. Эватл розӣ нашуд. Пас Протогор гуфт: «Агар ту ҳақи таълимро надиҳӣ, ман ба суд муроҷиат мекунам. Агар суд қарор барорад, ки ту бояд қарзро адо кунӣ, пас ту мувофиқи қарори суд, бояд ҳақи таълимро диҳӣ. Агар суд карор барорад, ки «ҳақ дода нашавад», пас ту дар мурофиаи нахустини худ ғалаба мекунӣ ва мувофиқи шартнома ҳақи таълимро медиҳӣ». Азбаски Эватл санъати баҳсро хуб медонист, ба Протогор эътироз баён намуд: «Ту ҳақ нестӣ, муаллим. Агар суд карор барорад, ки «ҳақ дода нашавад», пас ман мувофиқи қарори суд ҳақи таълимро намедиҳам.
Агар қарор барорад, ки «ҳақ дода шавад», пас ман дар мурофиаи нахустин мағлуб мешавам, бинобар ин, мувофиқи шартнома ба ту ҳақ намедиҳам». Кӣ ҳақ аст? Баъзан мегўянд, ки ҳам Протогор ва ҳам Эватл ҳақ мебошанд.
Ҷавоби мазкур таърихи як донишманди қадимро ба ёд меоварад. “Назди донишманд деҳқони пиронсол ҳозир шуд ва гуфт: «Ман бо ҳамсояи худ баҳс кардам». Деҳқон мазмуни баҳсро нақл кард ва пурсид: «Кӣ ҳақ аст?».
Донишманд чавоб дод: «Ту ҳақ ҳастӣ». Баъд аз чанд вақт ба назди донишманд шахси бо деҳқон баҳскарда омад ва мазмуни баҳсро нақл кард.

пешина
аз 262
навбатӣ