Мантиқ

Баъд пурсид: «Кӣ ҳақ аст?».
Донишманд ҷавоб дод : «Ту ҳақ ҳастӣ».
«Барои чӣ ин хел?” – пурсид завҷаи донишманд. – Вай ҳам ҳақ ва ин ҳам ҳақ?
«Ту ҳам ҳақ ҳастӣ, занак», - ҷавоб дод донишманд».
Баъзан дар танқид ва далеловариҳо хатогиҳое рўй медиҳанд, ки онҳо барқасдона нестанд. Сабаби руй додани ин гуна хатогӣ паст будани маданияти тафаккур, шитобкорӣ ва ғайра мебошад. Ин гуна хатоиҳоро паралогизмҳо (юн. “паралогисмос” – муҳокимаи нодуруст”) меноманд.
Барои он, ки ҳангоми танқид ва истидлол ба хатогииҳо роҳ дода нашаванд, бояд қоидаҳои махсус риоя шавад. Мувофиқи қисмҳои таркибии танқиду далероварӣ ва исботу раддия коидаҳои мазкурро ба се гурўҳ тақсим менамоем:
- Қоидаҳо нисбат ба тезис; 2. Қоидаҳо нисбат ба далелҳо; 3. Қоидаҳо нисбат ба тарз ё шакли далеловарӣ.
Баъзе қоидаҳо танҳо ба исбот ва раддия тааллуқ доранд.
Қоидаҳои муҳимтарини исбот ва раддия инҳоанд:
I. Қоидаҳо нисбат ба тезис ва хатоиҳое, ки ҳангоми риоя нашудани онҳо руй медиҳанд.
Тезис узви муҳимтарини муҳокима буда, бояд дар ҷараёни исбот диққати асосӣ барои асоснок кардани он равон шуда бошад. Ҳар як муҳокимаи асоснок талаб мекунад, ки нисбат ба тезис, бояд ду қоидаи зерин риоя шаванд:
- возеҳ ва аниқ будани тезис; 2) тағйирнопазирии тезис.
Қоидаи якум. Тезис бояд ҳукми равшану возеҳ ва аниқ бошад.
Риоя намудани қоидаи мазкур ҳангоми исботу раддия моро аз ноаниқию духўрагӣ нигоҳ медорад. Агар тезиси исботшаванда ноаниқ ё духўра бошад ва барои шахси исботкунанда чи чизро исбот карданаш норавшан бошад, пас ин ноқисии исботро нишон медиҳад. Дар чунин маврид, аз сабабе, ки тезиз возеҳ нест, бинобар ин вай аз тарафи баҳскунандагон бо таври гуногун таъбир мешавад. Ин гуна баҳс на мавзўъ дораду на натиҷа мебахшад. Аз ин рў, ҳаҷм ва мазмуни мафҳумҳое, ки ба таркиби тезис дохиланд, бояд аниқ шавад.
Барои аниқ ва возеҳ будани тезис, бояд талаботи зерин риоя шавад:
Ҳамаи калимаҳо ва ифодаҳое, ки дар таркиби тезис вомехуранд, аён бошанд.
Агар калимаҳо нофаҳмо ё духўра бошанд, бояд маънои онҳоро аниқ намоем; агар тезис дар шакли ҳукм бошад, пас бояд муайян намуд, ки сухан дар барои ҳамаи ашё ё танҳо гурўҳи муайяни ашё меравад; баъзан лозим аст, ки вақт муайян шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё