Мантиқ

Масалан, нишонаи мазкур ба ашё ҳамеша хос аст ё вақти муайян. Бо мақсад бояд маънои калимаҳои зерин: «имрўз», «фардо», «пас аз фалон соат», «ба наздикӣ», «минбаъд» аниқ карда шавад ва ғайра.
Вобаста ба қоидаҳои возеҳияти тезис дар баҳсу исбот ҳилаю найрангҳои зер ба кор бурда мешавад: аз ҳад зиёд аниқ намудани тезисро талаб кардан, барқасдона нафаҳмидани тезис ва айбдоркунии беасос. Баҳсе, ки дар он талаботи мазкур риоя намешавад, “логомахия” (юн. “логос” – калима ва “махе”-баҳс ном дорад.
Қоидаи дўюм. Тезис, бояд то охири исбот ё ки раддия тағйирнопазир бошад.
Ин қоида аз принсипи айният чун натиҷа бармеояд. Принсипи айният талаб мекунад, ки ҳар як фикр, худ ба худ айният аст, яъне ҳангоми муҳокимаю исбот ҳар як фикр ё тезис бояд мазмуни муайяни худро нигоҳ дорад. Вайрон намудани талаботи қоидаи мазкур боиси руй додани хатогии мантиқӣ – “таъвизи тезис” мегардад. Моҳияти ин хатои чунин аст: ба ҷои исбот ё раддияи ягон тезис тезиси дигар исбот мешавад, яъне тезиси аввала ба тарзи номаълум бо тезиси дигар иваз шуда, пас ҳамин тезис исбот ё рад мешавад. Ба ҳамин тариқ, тезиси исботшуда мазмунан аз тезиси аввала фарқ мекунад.
Барои мисол, муҳокимаи зеринро аз назар мегузаронем: «Нафаре қавл дод исбот кунад, ки 3 маротиба дутогӣ ба 4 баробар аст, на ин ки 6. Барои иҷро намудани нияти аҷоиби худ ба даст донаи гугирд гирифта аз ҳозирин илтимос кард, ки онҳо бо диққат назорат намоянд. Донаи гугирдро ду ҳисса намуда гуфт, ки ин як бор дутогӣ аст. Амали мазкур нисбат ба яке аз қисмҳо такрор кунем, маротибои дўюм дутогӣ ҳосил мекунем. Ниҳоят, ин амалро бори дигар нисбат ба қисми дўюм такрор кунем, маротибои сеюм дутогӣ ҳосил мешавад. Ҳамин тавр, се маротиба дутогӣ гирифта чорро ҳосил мекунем, на ин, ки шашро». Дар ин ҷо ба ҷои исботи «3х2=4», ҳукми зерин исбот шудааст: «Агар чизи бутунро ба ду тақсим карда, баъд ҳар ҳиссаи ҳосилшударо боз ду тақсим намоем, пас чор ҳисса ҳосил мешавад».
Яке аз навъҳои “таъвизи тезис” хатоест, ки онро «муроҷиат намудан ба сифатҳои шахсии инсон» мегўянд. Дар чунин маврид ба ҷои исботи тезис сифатҳои мусбат ё манфии шахси тезисро пешниҳодкарда тав--сиф мешавад.
Хатоии мазкурро «далел ба шахс» (лот. аrgumentum homi-nem) меноманд.
II. Қоидаҳои исбот нисбат ба далелҳо ва хатоиҳои асосие, ки ҳангоми риоя нашудани онҳо руй медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё