Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Қоидаи якум. Далелҳое, ки барои тасдиқи тезис оварда мешаванд, бояд ҳукмҳои ҳақ башанд.
Риоя кардани қоидаи мазкур дар соҳаҳои гуногуни илм ва фаъолияти амалии одамон, аз ҷумла, дар амалиёти судӣ ва тафтишот аҳамияти калон дорад. Барои он, ки амру далелҳое, ки дар исботи судӣ истифода мешаванд, ҳақ ва ғайризиддиятнок бошанд, бояд қоидаи болоӣ риоя шавад. Вайрон шудани қоидаи мазкур боиси хатогиҳои зерин мешавад:
а) «Асоси дурўғ» ё «иштибоҳи асосӣ» (лот. еrror fundamentalis). Ин хатогӣ дар мавриде руй медиҳад, ки агар ақаллан яке аз далелҳо дурўғ бошад.
Ҳангоми исбот баъзан ба сифати далел ба фактҳои набуда ё ҳодисаи ғайривоқеӣ ишора мешавад. Ин гуна иштибоҳ барои он иштибоҳи асосӣ номида мешавад, ки дар он принсипи асоситарини исбот вайрон мешавад.
Хатоии мазкур дар фаъолияти судию тафтишотӣ ниҳоят хавфнок аст, зеро вобаста ба гувоҳии шоҳидон одами бегуноҳ шояд ҷазо гирад ва ҷинояткор сафед шавад; б) «Пешакӣ исбот намудани тезис” ё «исботи барвақтӣ» (лот. peti-tio principii) – навъи дигари хатогӣ мебошад. Ибни Сино ва дигар мантиқшиносони асримиёнагии тоҷик хатоии мазкурро «мусодираи асли мавзўъ» номидаанд. Ҳангоми исбот ё раддия далелҳо на танҳо ҳақ, балки ҳукмҳои исботшуда бошанд. Аксаран, дар илмҳо ва амалиёти ҳаррўза ҳукмҳое истифода мешаванд, ки характери эҳтимолӣ доранд. Ин гуна ҳукмҳо, шояд ҳақ ва шояд дуруғ бошанд. Аз ин рў, ҳукмҳои мазкур ҳангоми исбот набояд истифода шаванд, чунки онҳо боиси рўй додани хатоӣ мешаванд. Бинобар ин, ҳангоми исбот ва раддия ба сифати далелҳо ҳукмҳои исботталабро истифода бурдан мумкин нест; в) «Нафаре, ки аз ҳад зиёд исбот мекунад, ҳеҷ чизро исбот намекунад».
Моҳияти ин хатоӣ чунин аст: ба сифати далел ҳукме гирифта мешавад, ки аз онҳо, мантиқан, на танҳо тезиси истботшаванда, балки ҳукмҳое бормеоянд, ки ба фактҳои маълум зиданд.
Қоидаи дуюм. Далелҳо бояд ҳукмҳое бошанд, ки ҳақ будани онҳо новобаста аз тезис муқаррар гардад. Вайрон намудани қоидаи мазкур боиси хатоие мегардад, ки онро исботи доирашакл меноманд. Дар ин гуна исбот ба сифати далел нуқтае истифода мешавад, ки ба воситаи тезис исбот шудааст.
Азбаски тезис исбот нашудааст, далелҳое, ки ба сифати асос гирифта шудааст, ҳукмҳои исботшуда мебошанд.
Қоидаи сеюм. Далелҳо бояд барои тасдиқи тезис асоси кофӣ бошанд, яъне байни далелҳо ва тезис бояд робитаи ҳақиқӣ ва мантиқӣ бошад.
Риоя нашудани ин қоида боиси хатоиҳои зерин мешавад: «барнамеояд» (аслан аз далелҳо тезис барнамеояд); «далел ба шахс» (ба сифати далел сифатҳои шахсе, ки тезисро пешниҳод намудааст, номбар карда мешавад) «далел ба шунавандагон» (ба ҷои асоснок намудани тезис ба ҳиссиёти онҳо таъсир расонида мешавад); «аз чизе, ки дар маънои нисбӣ шартан гуфта шудааст, ба маънои мутлақ гузаштан” (ба сифати далел ҳукмҳое оварда мешаванд, ки онҳо, танҳо дар шароити муайян ҳақанд, лекин тезис, ки дар асоси онҳо исбот мешавад, дар ҳамаи маврид мутлақан ҳақ дониста мешавад).

пешина
аз 262
навбатӣ