Мантиқ

Қоидаи чаҳорум. Далелҳо набояд зиддиятнок бошанд.
III. Қоидаҳо нисбат ба шакл ё тарзи исбот ва раддия ва хатоиҳое, ки ҳангоми риоя нашудани онхо рўй медиҳанд.
Қоида. Исбот ва раддия бояд мувофиқи қоидаҳои умумии натиҷагирӣ гузаронида шавад. Яке аз хатоие, ки дар натиҷаи риоя накардани қоидаи мазкур руй медиҳад, «чорто будани истилоҳҳо» дар қиёси содаи қатъӣ мебошад, зеро истилоҳи миёнаи қиёс дар маънои ҳархела кор фармуда мешавад. Аксаран, ҳангоми исбот хатогиҳое рўй медиҳад, ки онҳо натиҷаи нодуруст истифода бурдани қиёси шартию қатъӣ мебошанд, зеро аз рўи дуруғ будани асос дар бораи дуруғии натиҷа, ё аз рўи ҳақ будани натиҷа дар бораи дурустии асос ҳукм менамоянд.
Машқу мисолҳо оид ба исбот ва раддия.
- Таркиби исбот муайян карда шавад:
а) Дар қиёси қатъӣ истилоҳи миёна бояд ақаллан дар яке аз муқаддимаҳо тақсимшуда бошад. Истилоҳот тақсимшуда номида мешаванд, агар онҳо ба ҳаҷми пурраашон гирифта шуда бошанд. Онҳо субъекти ҳукмҳои куллӣ ё предикати ҳукмҳои инкорӣ, ё ин, ки субъект ё предикати ҳукмҳоанд, ки таърифро ифода менамояд. Пас, дар ҳар як қиёс истилоҳи миёна, бояд ақаллан дар яке аз муқаддимаҳо ба сифати субъекти ҳукми куллӣ ё предикати ҳукми инкорӣ, субъект ё предикати ҳукмҳои таърифро истифодакунанда гирифта шавад.
б) Ҳукми куллии инкорӣ ҳамеша ба куллии инкорӣ акс мешавад. Дар ҳақиқат, агар ҳаҷми S аз ҳаҷми Р пурра хориҷ шавад, пас ҳаҷми Р низ аз ҳаҷми S пурра хориҷ мегардад. Масалан, агар «Ҳеҷ як ҷанги боадолат – империалистӣ нест», пас «Ҳеҷ як ҷанги империалистӣ ҷанги боадолат нест».
в) Аҳмадов бояд фалсафаро омўзад, зеро ҳамаи донишҷўёни мактабҳои олӣ фалсафаро меомўзанд, Аҳмадов бошад донишҷўи яке аз мактабҳои олист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё