Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

г).Ҷинояти мазкурро шояд А ё Б, ё ягон каси дигар содир карда аст.
Ҳангоми тафтиш муқаррар шуд, ки ҷиноятро на каси бегона ва на Б содир кардааст. Пас, ҷинояти мазкурро А содир кардааст.
д) Ноқили мазкур ҷараенро намегузаронад, зеро дар атрофи он майдони магнитӣ ба вуҷуд наомадааст. Маълум аст, ки агар аз ноқил ҷараён гузарад, пас дар атрофи он майдони магнитӣ ба вуҷуд меояд.
2. Тезиси исботи зеринро муайян намуда, дурустии исботро санҷед:
а) Ҳамаи Ҷумҳуриҳои соҳибихтиёр конститутсияи худро доранд. Пас, Тоҷикистон конститутсияи худро дорад.
б) Тоҷикистон ҷумҳурӣ мебошад. Пас, вай конститутсияи худро дорад в) Донишҷў – Аҳмадов аълохон аст. Пас, донишҷў – Аҳмадов идрорпулии аълочӣ мегирад.
г) Ҳамаи аълохонон идрорпулии аълочӣ мегиранд. Пас, донишҷў- Аҳмадов низ идрорпулии аълочӣ мегирад.
д) ИМА – давлати капиталистӣ мебошад. Пас, ИМА – давлати диктатураи буржуазия аст.
3. Муайян намоед, ки исботҳои зерин мустақим ё ғайримустақиманд?
а) Дар шакли якуми қиёс истилоҳи миёна дар муқаддимаи калон ба ҷои субъект ва дар муқаддимаи хурд ба ҷои предикат омадааст. Исбот мекунем, ки муқаддимаи хурд, ногузир бояд тасдиқӣ бошад. Фарз мекунем, ки муқаддимаи хурд – инкорӣ аст. Пас, натиҷа низ бояд инкори шавад. Лекин предикати ҳукмҳои инкорӣ ҳамеша тақсимшаванда мебошанд. Истилоҳе, ки дар натиҷа тақсимшаванда аст, бояд дар муқаддимаҳо низ тақсимшаванда бошад. Бинобар ин, истилоҳи калон (Р) бояд дар муқаддимаи калон тақсимшаванда бошад, зеро вай ба ҷои предикат омадааст. Ин чунин маъно дорад, ки муқаддимаи калон, ногузир, бояд инкорӣ бошад, зеро фақат дар ҳукмҳои инкорӣ предикатҳо тақсимшавандаанд. Ба ҳамин тариқ, мо муқаддимаи хурдро инкорӣ ҳисобида ба хулосае омадем, ки муқаддимаи калон низ ҳатман бояд инкорӣ бошад. Аммо, маълум аст, ки аз ду муқаддимаи инкорӣ набояд натиҷа гирифта шавад. Бинобар ин, тахмини мо нодуруст аст: муқаддимаи хурд набояд инкорӣ шавад, пас вай бояд тасдиқӣ бошад.
б) Дар мусобиқа, барои гирифтани унвони чемпиони Донишгоҳ оид ба шоҳмотбозӣ, донишҷўён: Аҳмадов, Каримов ва Шарифов иштирок карданд.
Онҳо, ин ҳуқуқро дар натиҷаи бозиҳои пешакӣ ба даст оварданд. Пас, аз мусобиқа маълум шуд, ки ҷои аввалро, на Каримов ва на Шарифов, ишғол намудаанд. Пас, чемпиони Донишгоҳ оид ба бозии шоҳмот насиби Аҳмадов гардид.

пешина
аз 262
навбатӣ