Мантиқ

в) «Оё аз чизҳо ба сўи эҳсос ва фикр рафтан лозим аст? Ё аз фикр ва эҳсос ба сўи чизҳо рафтан лозим аст? Энгелс тарафдори ақидаи якум, яъне ақидаи материалистӣ аст. Мах тарафдори ақидаи дўюм, яъне ақидаи идеалистӣ аст. Ҳеҷ як найранг, ҳеҷ як софизм (ки ба онҳо ҳоло хеле бисер дучор хоҳем шуд) чунин зуҳуроти равшан ва баҳснопазирро аз миён бардошта наметавонад, ки таълимоти Мах, ки ин таълимот чизҳоро аз маҷмўи эҳсосҳо иборат медонад, идеализми субъективӣ аст, беркличигиро гаштаву баргашта такрор кардан аст. Агар ҷисмҳо, ба гуфтаи Мах, «комплекси эҳсосҳо», ё ба гуфтаи Беркли «комбинатсияи эҳсосҳо» бошад, дар он сурат, аз ин ба таври ногузир, тамоми олам танҳо аз тасаввури ман иборат аст, гуфтани хулосае сар зада мебарояд. Кас, агар ин гуна мулоҳизаро асос кунад, ногузир ба хулосае меояд, ки ба ғайр аз худи ў одамони дигар
1 вуҷуд надоранд: ин соф солипсизм аст».
4. Қисмҳои таркиби ва навъи раддияро муайян кунед.
а) В.И. Ленин дар «Материализм ва эмпириокрититсизм» навиштааст, ки чӣ тавр Мах дар «Механика» ном асараш зиддияти байни материализм ва идеализмро бо ёрии «кашфи» элементҳои олам бартараф кардааст. «Дар ҳамин «Механика» дар хусуси элементҳо чунин муҳокима ронда мешавад:
«Тамоми табиатшиносӣ метавонад фақат комплексҳои элементҳое, ки мо одатан эҳсосҳо менамоем, тасвир намояд. Сухан дар бораи робитаи ин элементҳо меравад. Робитаи байни А (гармӣ) ва В (оташ) ба физика тааллуқ дорад, робитаи байни А ва N (асабҳо) ба физиология тааллуқ дорад. Ҳар кадом аз ин робитаҳо, ба танҳоӣ вуҷуд надоранд, ҳар дўяшон ба якҷоягӣ вуҷуд доранд. Аз ин робитаҳо мо танҳо мувақатан метавонем яке ё дигареро ба назар нагирем. Ба ҳамин тариқ, хатто процессҳои соф механикӣ ҳам, аз афти кор, хамеша дар айни замон процессҳои физиологӣ мебошанд». Пай бурдан душвор нест, ки Мах калимаи «элемент» -ро муайян накардааст: бо ин калима ҳам реалияти объективӣ ва ҳам инъикоси реалияти мазкур ифода шудааст. В.И. Ленин исбот менамояд, ки бо ин хел нағмабозиҳо ба масъалаи асосии фалсафа дахл накардан мумкин нест. «Модоме, ки шумо фақат эҳсосҳоро ба асос мегиред, шумо бо калимаи «элемент» «як тарафаш»
идеализми худатонро дуруст карда наметавонед, балки фақат масъаларо чигил карда мемонед, аз назарияи худатон буздилона пинҳон мешавед.
Шумо мухолифати байни чизи физикӣ ва чизи психикиро ба гуфтор ба миён мебардоред, мухолифати байни материализм (ки табиат, материяро якумин ҳисоб мекунад) ва идеализмро (ки рўҳ, шуур, эҳсосро якумин ҳисоб мекунад) ба гуфтор барҳам мезанед, вале дар амал шумо, дарҳол ин мухолифатро аз нав баркарор мекунед! Зеро, агар элементҳо аз эҳсосҳо иборат бошанд, шумо
В.И.Ленин. Асархо, ч. 14, с. 35-36.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё