Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

ҳеҷ ҳақ надоред «элементҳо»-ро бе вобастагӣ ба асабҳои ман, ба шуури ман, як лаҳза ҳам бошад, мавҷуд ҳисоб кунед. Лекин модоме ки шумо вуҷуд доштани чунон объектҳои физикиеро фарз мекунед, ки онҳо ба асабҳои ман, ба эҳсосҳои ман вобаста набуда, эҳсосро фақат бо роҳи таъсир бахшидан ба пардаи чашми ман ба вуҷуд меовардаанд, пас шумо шармандавор идеализми «яктарафаи» худатонро тарк мекунеду ба нуқтаи назари материализми
1 «яктарафа» мегузаред».
5. Дар исботи зерин ба кадом хатоӣ роҳ дода шудааст:
а) Донишҷўе ба тариқи зерин исбот карданӣ мешуд, ки ба вай баҳои қаноатбахш гузошта шавад, ё муаллим пурсишро давом диҳад: «Ман китобро пурра хондам, пас, наход ман ҳеҷ чизро надонам? Шояд ман ба ягон савол ҷавоб диҳам».
б) Ба саволи муаллим, барои чи параллелограмми мазкур ромб нест, талаба муҳокимаро ин тавр тартиб дод: «Агар диагоналҳои параллелограмм байни худ перпендикуляр бошанд, пас ин гуна параллелограмм – «ромб»
аст, лекин диагоналҳои параллелограмми мазкур байни якдигар перпендикуляр нестанд, бинобар ин, параллелограмми мазкур ромб намебошад»; ба саволи дигар, барои чӣ адади мазкур ба 10 тақсим мешавад, чунин ҷавоб дод: «Агар адади мазкур ба 5 тақсим шавад, пас, вай ба адади 10 низ тақсим мешавад».

В.И, Ленин. Асарҳо, ҷ. 14., с. 49-51.

пешина
аз 262
навбатӣ