Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

БОБИ IX. ПРОБЛЕМА (МУАММО). ФАРЗИЯ. НАЗАРИЯ

Аксаран дар фаъолияти илмию амалии одамон, махсусан, дар илмҳои гуманитарӣ баробари мафҳум, ҳукм ва натиҷагириҳо, чунин шаклҳои мавҷудият ва инкишофи дониш истифода мешаванд, ки онҳоро проблема (муаммо), фарзия ва назария меноманд. Мафҳумҳои «проблема», «фарзия» ва «назария» на ҳамеша дар маънои аслии худ истифода мешаванд. Масалан, дар бисёр мавридҳо мегўянд, ки: «Инсон – муаммост». Дар гуфтори мазкур маълум нест, ки чиро, яъне кадом ҷиҳати инсонро проблема меноманд. Пеш аз он, ки мо дар бораи ин ё он проблема, фарзия ва назария сухан ронем, бояд донем, ки худи проблема, фарзия, ё назария чист ва чиро ифода менамоянд?

§1.Проблема (муаммо).

Проблема масъала аст, лекин на ҳама гуна масъала проблема буда метавонад. Масъала дорои шарти муайян буда, дар он донистан, ҳисоб кардан ё ёфтани чизе талаб карда мешавад.
Масъала, дар мавридҳои зерин проблема шуда метавонад:

  1. Ҳангоме, ки барои ҳалли он алгоритм мавҷуд набошад. Бо ибораи дигар, масъалаҳое, ки роҳҳои ҳалли онҳо тамоман маълум нестанд; 2) Ҳангоме, ки дониши муайян (назария, консепсия ва ғ.) ҳамчун натиҷаи қонунии инкишофи ҷараёни маърифат ба миён омадаанд; 3) Проблема – масъалаест, ки ҳалли он барои бартараф намудани зиддияти ҷараёни маърифат нигаронида шудааст; 4) Проблема – масъалаест, ки фарогирандаи тарзу роҳҳои умумии ҳалли он аст. Масъалаҳои муҳиме, ки нисбати онҳо, аз нигоҳи амалия ё назария, тарзи ҳалли онҳо маълум нест ё қисман маълум аст, проблемаҳо номида мешаванд. Одатан ду навъи проблемаҳоро фарқ менамоянд: номутараққӣ ва мутараққӣ.
пешина
аз 262
навбатӣ