Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Масъалае, ки дар вай ба ғайр аз нишонаи чаҳорўм се нишонаи аввала дида мешавад, проблемаи «номутараққӣ» номида мешавад. Бинобар ин, проблема гуфта чунин масъалаеро меноманд, ки агар тарз ва роҳҳои ҳалли он муайян нест. Табиист, ки проблемаҳо аз рўи дараҷаи инкишофашон гуногуннавъанд. Ҳамин тариқ, проблема - «дониш дар бораи чизи номаълум»
аст, ки роҳҳои дарки онро бояд ёфт.
Проблема ҳамчун ҷараёни инкишофи маърифат аз зинаҳои зерин ташкил меёбад:

  1. ташаккули проблемаи номутараққӣ; 2) инкишофи минбаъдаи проблема – ташаккули проблемаи мутараққии зинаи якум, пас зинаи дуюм ва ҳоказо. Бо ин восита роҳҳои ҳалли дурусти проблемаи мазкур ошкор мешавад; 3) ҳалли проблема ё собит кардани ҳалнашавандагии он.

§2. Фарзия.

  1. Мафҳуми фарзия ва сохти он. Инсон дар раванди маърифат кўшиш менамояд, ки ҳақиқати объективиро ошкор созад. Мақсад аз ошкор намудани ҳақиқати объективӣ ба таври амали дигаргун сохтани олам аст. Лекин роҳҳои ба даст овардани ҳақиқати объективӣ душвор аст, зеро ҳеҷ гоҳ ҳангоми маърифат мисли як томмияти ташаккулёфта ва тайёр мушоҳида намешавад, зеро худи раванди маърифат чизи мураккаби печ дар печ аст. Аз ин рў, дарки саҳеҳ ва эътимодноки ашё фаъолияти амалию илмии дуру дарозро тақозо менамояд, ки дар раванди фаъолияти мазкур фарзу тахминҳои гуногун пешниҳод мешаванд.
    Шубҳае нест, ки пайдоиши донишҳои нав ба фарзия вобастаанд.
    Аксаран, дар ҷараёни маърифат тахминҳое пешниҳод мешаванд, ки на ҳақ ва на дуруғ мебошанд, тахминҳои мазкур муваққатан ҳақ ҳисобида мешаванд.
    Лекин тадқиқоти минбаъда иншон медиҳад, ки онҳо ҳақ ё дуруғанд. Яъне, тахминҳо аз маърифати эмпирикии стихиявӣ сар карда то маърифати илмӣ васеъ истифода мешаванд.
    Яке аз навъхои муҳимтарини ин гуна тахминҳо фарзия (гипотеза) мебошад. Вале, на ҳама гуна тахмин фарзияро ташкил медиҳад. Баъзан фарзия гуфта тахминеро меноманд, ки онро дар раванди маърифат пешниҳод менамоянд. Аз ин рў, истилоҳи «фарзия» дар ду маъно кор фармуда мешавад. Якум, навъи махсуси дониш ва дўюм, раванди махсуси инкишофи дониш.
    Дар маънои якум фарзия тахминест, ки сабаби зуҳурот, робитаҳои мушоҳиданашавандаи байни зуҳурот ва ғайраеро дар бар мегирад, ки ҳоло пурра асоснок нашудааст.
пешина
аз 262
навбатӣ