Мантиқ

Дар маънои дўюм, фарзияраванди мураккаби маърифатест, ки дар он тахмин пешниҳод шуда, тавассути исбот ё раддия асоснок мегардад. Дар раванди мазкур ду зинаро бояд фарқ кард: 1) инкишофи фарзия; 2) исбот ё раддияи фарзия.
Фарзия – яке аз шаклҳои инкишофи дониш буда, дар он тахмини асоснок дар бораи хосият ва сабабҳои ашёи таҳқиқшаванда пешниҳод шудааст. Фарзия – тахминест, ки дорои донишҳои нав буда, эҳтимолияти дурустии он тавассути маълумоти ҳақиқӣ бо назардошти қонуниятҳои маълуми олами объективӣ собит мегардад. Дар байни фарзия ва дониши ҳақиқӣ – аз як тараф ва, аз тарафи дигар, байни он ва донишҳое, ки на он қадар асоснок шудаанд (масалан, донишҳои интуитивӣ) фарқ ҳаст. Ин ҳам бошад, дар он аст, ки дараҷаи асоснокии донишҳои мазкур гуногунанд.
Одатан, фарзия тавассути як гуфтор ё силсилагуфторҳо пешниҳод мешавад.
Дар чунин мавридхо унсури мураттабсози силсилаи гуфторро тахмини асосӣ ташкил медиҳад, ки инро дар назарияҳои гипотетикӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Барои ҳалли ин ё он масъала, на як, балки якчанд фарзияро тартиб додан мумкин аст. Дар чунин маврид фарзияҳои пешниҳодшударо версия низ мегўянд. Версия дар амалияи тафтишот ва суд васеъ истифода мешавад.
Нишонаҳои муҳимтарини фарзия инҳоянд: 1) шакл ва усули инкишофи дониш будани онҳо; 2) тартиб додани фарзияҳо ҳамеша дар асоси пешниҳоди тахминҳо; 3) фарзия на фақат тахмин ё фарзи оддӣ, балки вай тахмини асоснокест, ки дар асоси маълумоти мушаххас пешниҳод мешавад.
Ҳар як дониш дар ибтидои пайдоиши худ дар намуди фарзия ба вучуд омада, сипас такмилу инкишоф меёбад.
1.Инкишофи фарзия. Одатан дар ҷараёни маърифат марҳилаҳои зерини инкишофи фарзияро аз ҳам ҷудо мекунанд.
Марҳилаи якум – пешниҳод шудани тахминҳо. Тахминҳо дар асоси тамсил, индуксияи нопурра, усулҳои Бэкон-Милл ва ғайра пешниҳод мешаванд. Лекин ин гуна тахминҳо на ҳама вақт фарзияро ташкил медиҳанд.
Марҳилаи дуюм – бо ёрии тахмини пешниҳодшуда таъбир намудани тамоми амале, ки ба фарзия тааллуқ доранд. Яъне таъбири ҳамаи он амале, ки қабл аз пешниҳоди тахмин маълум буданду, вале ба ҳисоб гирифта нашудаанд, инчунин амалҳое, ки пас аз пешниҳоди тахмин ошкор шудаанд.
Масалан, барои аз тахайюл ба фарзия табдил ёфтани модели планетарии атом лозим буд, ки дар асоси он як зумра фактҳои маълум таъбир шаванд. Яке аз чунин амалҳо унсурҳои системаи даврии химиявии Менделеев ба ҳисоб мерафт. Системаи мазкур то замоне, ки модели планетарии атом нисбат ба он татбиқ нашуда буд, қонуни эмпирикии химияро ташкил медод. Менделеев унсурҳои кимиёиро дар асоси вазни атомӣ ва қонуниятҳои тағйири хосиятҳои кимиёию физикиашон мураттаб сохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ