Зеҳн
Мантиқ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 262 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Модели планетарии атом имкон дод, ки маънои физикии ҷойгиршавии унсурҳо аз рўи ҷадвал муайян шавад. Дар натиҷа маълум шуд, ки рақами тартибии унсур дар ҷадвал бо адади заряди мусбати ядро мувофиқ меояд.
Барои он, ки тахмин ба фарзия табдил шавад, вай дар ҷараёни инкишофи худ, ба ғайр аз ду марҳилаи болоӣ, бояд шартҳои зеринро дар бар гирад:
Шарти якум – тахмин мантикан на бояд ба нуктахои асоситарини илмхо зид бошад.
Шарти дўюм – тахмин бояд санҷидашаванда бошад. Одатан, ду навъи санҷиш маъмул аст: санҷиши амалӣ ва қотеъона. Мегўянд, ки тахмин амалан санҷидашаванда аст, агар вайро дар айни замон ё ба қарибӣ, дар рўзҳои наздик санҷидан имконпазир бошад. Мегуянд, ки вайро бо таври принсипиали санҷидан мумкин аст, агар тахмини мазкур санҷидашаванда бошад (яъне, ба қарибӣ набошад ҳам, лекин ягон вақт санҷида шуданаш имконпазир аст).
Шарти сеюм – тахмин набояд ба далелҳое, ки барои таъбири он муқаррар шудаанд, зид бошад.
Шарти чаҳорум– тахмини пешниҳодшуда бояд барои таъбири миқдори зиёди зуҳурот кор фармуда шавад. Талаботи мазкур имкон медиҳад, ки аз ду ё зиёда фарзияҳои нисбат ба гурўҳи муайяни зуҳурот пешниҳодшуда оддитарини онҳо интихоб шавад. Ин принсипи сода нашудаанд. Принсипи мазкур, аз тарафи муҳаққиқ, файласуф ва мантиқшиноси англис У. Оккам баён шудааст, ки 600 сол муқаддам дар Англия ва Олмон зиндагӣ кардааст.
Бинобар ин, талаботи мазкурро баъзан «покўи Оккам» низ меноманд.
Пас аз пешниҳоди тахмин (марҳилаи якум), таъбири ҳамаи далелҳое, ки ба фарзия вобастаанд (марҳилаи дуюм), инчунин, пас аз санҷидани он, ки талаботи номбаршуда пурра риоя шудаанд, хулоса баровардан мумкин аст, ки тахмини мо асоснок шудааст. Лекин бояд гуфт, ки дар чунин зинаи маърифатӣ тахмини пешниҳодшуда пурра асоснок нашудааст. Аз ҳамин сабаб, фарзияро ташкил медиҳад. Зеро фарзия на дониши боэътимод, балки эҳтимолӣ мебошад.
Фарзия, яке аз раванди мураккабтарини фикр ба шумор меравад. Барои он, ки ҳангоми мураттаб сохтан ва исботи он индуксия, тамсил ва дедуксия истифода мешавад. Лекин, фарзия на натиҷагирии индуктивӣ, на натиҷагирии дедуктивӣ, зеро ҳангоми пешниҳоди фарзия, ҳам индуксия ва ҳам дедуксия истифода мешавад. Агар дар марҳилаҳои аввали ба вуҷуд омадани фарзия бештар индуксия истифода шавад, дар марҳилаҳои минбаъдаи инкишофи фарзия мавқеи дедуксия назаррас аст.

пешина
аз 262
навбатӣ