Мантиқ

Нақши фарзия дар инкишофи илмҳо ниҳоят калон мебошад. Илм ҳам ҳангоми кашфи қонунҳои худ маълумотеро таҳқиқ менамояд, ки он мувофиқи нақшаи муайян ҷойгир шудаанд. Нақшаи мазкур бошад, дар асоси ин ё он фарзия (ё тахмин) тартиб дода шудааст.
Фарзияҳо баробари инкишоф ёфтани донишҳои илмӣ, ҳамеша дар инкишоф буда, боиси ошкор намудани ҷиҳатҳои то ҳол номаълуми ашёи тадқиқшаванда мешаванд.
2. Навъҳои фарзия.Фарзияҳо мувофиқи ашёи тадқиқшаванда ду хел мешаванд: куллӣ ва ҷузъӣ. Фарзияи куллӣ гуфта, тахминҳои асоснокшудаеро меноманд, ки дар онҳо қонунияти зуҳуроти табиӣ ва иҷтимоӣ инъикос шудаанд. Масалан, фарзия дар бораи сохти атомии моддаҳо, ки аз тарафи М.В. Ломоносов кашф шудааст; фарзияҳои рақобаткунандаи О.Ю. Шмидт ва В.Г. Фесенков дар бораи пайдоиши ҷирмҳои осмонӣ; фарзияҳо дар бораи пайдоиши органикӣ ё ғайриорганикии нафт ва ғайра.
Фарзияҳои куллӣ дар ҷараёни инкишофи донишҳои илмӣ, мисли масолеҳи бинокорӣ. Вақте, ки фарзияҳои кўллӣ исбот мешаванд, ба назарияҳои илмӣ мубаддал мешаванд. Дар натиҷа, онҳо ба хазинаи илм саҳми арзанда мегузоранд. Фарзияи ҷузъӣ гуфта, тахмини асоснокро дар бораи пайдоиш ва хосияти далелҳои алоҳида, зуҳурот ва ҳодисоти мушаххасро меноманд. Фарзияҳои ҷузъӣ бештар дар илмҳои табиатшиносӣ, таърихию иҷтимоӣ истифода мешаванд. Масалан, бостоншинос аз рўи ашёе, ки ҳангоми кашфиёти археологӣ ёфт шудааст, дар бораи замон ва ба ки тааллуқ доштани ашё, фарзияи ҷузъӣ пешниҳод мекунад. Таърихшинос бошад, дар бораи робитаи байни зуҳуроти мушаххаси таърихӣ ё худ фаъолияти шахсони алоҳида фарзияро пешниҳод менамояд. Тахминҳое, ки дар амалияи судию тафтишоти истифода мешаванд, низ фарзияи ҷузъӣ ба шумор мераванд.
Дар қатори фарзияи куллӣ ва ҷузъӣ, баъзан истилоҳи «фарзияи корӣ»
истифода мешавад.
Фазияи корӣ – тахминест, ки дар марҳилаи аввали таҳқиқ пешниҳод мешавад. Вазифаи асосии фарзияи корӣ, ошкор намудани сабабҳои ҳақиқии ашёи таҳқиқшаванда набуда, балки тахмини шартиест, ки тавассути он натиҷаҳои мушоҳида мураттаб мешавад. Ин имкон медиҳад, ки мувофиқи маълумоти мушоҳида, таъбири ашё дода шавад.
Дар амалияи судию тафтишот, ҳангоми таъбири фактҳои алоҳида ё худ маҷмўи ҳолатҳо фарзияҳоеро пешниҳод менамоянд, ки фактҳои мазкурро бо таври гуногун таъбир менамоянд. Ин гуна фарзияҳоро версияҳо меноманд.
Версия дар тадқиқоти суд - яке аз фарзияҳои имконпазир аст, ки тавассути он пайдоиш ё худ хусусиятҳои баъзе кирдори ҷиноии аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим, таъбир мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ