Мантиқ

Дар мафҳумҳои зид як чиз дар як вақт унсури ҳаҷми ҳар дуи мафҳум шуда наметавонад. Ҳаҷми мафҳумҳои зид ҳаҷми мафҳуми барои онҳо ҷинси наздик бударо пурра инъикос менамояд.
Масалан, «мафҳумҳои кирдори сазовори ҷазо буда» -(А) ва «кирдори сазовори ҷазо набуда» ℸА зид мебошанд.
Агар мафҳуме, ки барои мафҳумҳои А ва ℸА В
мафҳуми ҷинсӣ аст, бо В ишора кунем, он гоҳ муно- А ℸА сибати мафҳумҳои зид чунин тасвир мешвад: нигаред ба расми 6.
Чунинанд, муносибатҳои асосии байни мафҳумҳо.
Расми 6
§6. Амалҳо бо мафҳумҳо
Асоситарин амалҳои мантиқӣ бо мафҳумҳо инҳоанд: таъмим (умумиятдиҳӣ) ва маҳдудкунӣ, таъриф ва тақсими мафҳумҳо. Асоси ин гуна амалҳоро муносибатҳои ҷинсию навъии дар байни мафҳумҳо буда ташкил медиҳанд.
- Таъмим (умумиятдиҳӣ) ва маҳдудкунии мафҳумҳо.
Таъмим ва маҳдудкунӣ амалҳои мантиқӣ буда, онҳо ба қонуни акси муносибат асос ёфтаанд.
Таъмими мафҳум – гузаштан аз мафҳуми ҳаҷман хурд ва мазмунан васеъ ба мафҳуми ҳаҷман калону мазмунан хурд мебошад. Масалан, дар натиҷаи таъмими мафҳуми «ҳайвони ширхўрае, ки дар хушки зиндагӣ мекунад» - А, мафҳуми дигар – «ҳайвони ширхўр» - В пайдо мешавад. Агар мафҳуми В –ро таъмим кунем, пас мафҳуми «ҳайвон» - С-ро пайдо мекунем.
Ҳаминро бояд қайд намуд, ки таъмими мафҳумро беохир давом додан мумкин нест. Ҳам дар дохили ин ё он илм ва ҳам берун аз он мафҳумҳои таъмимшаванда ҳудуд доранд. Ҳудуди таъмим мафҳумҳое мебошанд, ки ҳаҷмашон ниҳоятдараҷа васе аст. Ин гуна мафҳумҳоро категория (макула) меноманд. Ҳар як илм категорияҳои худро дорад. Масалан, гузаштан аз мафҳуми «мавҷудоти зинда» ба мафҳуми ҷисм гузариш аз категорияи биология ба категорияи физика мебошад Акнун шакли мантиқии мафҳуми (А)-ро менависем:
112
x((S(x)P(x)R(x,a))
Дар ин ҷо, S,P,R,а-аломатҳоеанд, ки мувофиқан терминҳои «ширхўр», «ҳайвон», «зиндагӣ мекунад дар» «хушкӣ»-ро ишора мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё